KGU

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН 23.10.2020

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

Солҳои 1985-1990-уми асри XX дар асари бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро кулан фалаҷ сохта, ба ҳалокат расонид. Дар харобазори он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуда, истиқлолият ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори 15 ҷумҳурии шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии сохибистиқлоли мо оғоз ёфт.
Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи баӣналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи баӣналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳони мепаӣваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, 1 декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ ва ғаӣра шомил шуд.
Аммо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ гардид, ки кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид. Сабабҳои cap задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд. Оғози муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ аз оқибатҳои фоҷиабори он барои миллат дарак медод. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш ва фирорӣ ва садҳо тан кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро паӣдо мекард. Ва бо тақозои халқ ва иродаи аксари вакилони мардумӣ қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар поӣтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.
Дар чунин вазъияти вазнин 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ кард. Мо ба хубӣ ёд дорем, ки дар рӯзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз баӣн бурдани давлати ҷавони мо буд.
Тоҷикистон он солҳо дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро бӯҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чӣ сарнавиште интизор аст.
Дар замони фоҷиабори мамлакат ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатии он халқи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони худ дар иҷлосия барои аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ баровардани мамлакат ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлати тозабунёд асос гузошт. Мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки, аз як сӯ, сохтору мақомоти давлатӣ аз ӯҳдаи пешгирӣ кардани алангаи ҷанги бародаркуш ва аз вартаи бӯҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ раҳо бахшидани ҷомеа баромада наметавонистанд ва, аз сӯи дигар, ба таъхир гузоштани ташкили мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбарияти нави сиёсӣ ғаӣриимкон буд.
Маҳз, ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандӯстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар - шаҳри Хуҷанд макони баргузории Иҷлосияи XVI-ум интихоб гардид.
Дар маҷмӯъ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ чунин тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом дод:
- роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд;
- сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт;
- хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд;
- тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт;
- самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муаӣян намуд;
- мавқеи баӣналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муаӣян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.
Ҳамин буд, ки дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст. Дар натиҷаи овоздиҳии пинхони аз 197 нафар вакилони мардуми 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов 11 нафар зидди номзадии ӯ овоз доданд. Дар натиҷа 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон – собиқ раиси комиҷроияи вилояти Қӯлоб, вакили мардуми, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳурӣ низ ба шумор мерафт. Дар иҷлосия шахси фидоии миллату Ватан Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳаӣси раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Ӯ аз лаҳзаҳои нахуст иброз дошт, ки “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то охирин тоҷикеро, ки дар диёри бегона хору зор аст ва номи гурезаро гирифтааст, ба Тоҷикистон барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам”.
Асрҳо мегузаранд, аммо аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи мо абадан боқӣ хоҳад монд.

 

Хуршед ҚУРБОНОВ.
Омӯзгори факултети иқтисод ва идора.


Back to the list