KGU

РОҲБАРИ МИЛЛАТСОЗ

26.10.2020

РОҲБАРИ МИЛЛАТСОЗ

Маълумотҳои таърихи шаҳодат аз он медиҳад, ки миллати тоҷик яке аз миллатҳои куҳантарин ба ҳисоб рафта, дар таърих ҷойгоҳ ва манзалати хешро дорад. Агар ба таърихи наздик ба 29 солаи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дидаи басират назар афканем, ба рӯшанӣ ҳувайдост, ки роҳбари давлат шоистагии хешро дар мақоми Пешвои миллат собит намудаанд. Исботи касби ин мақом ба роҳбари давлат бо вуҷуди ҳуҷҷату санад, аллакай қаблан ва фикран мардуми кишвар Ҷаноби Олиро ҳамчун Пешвои миллат қабул кардаанд.
Миллатсоз гуфтани мо пеш аз ҳама пайванд ба ҳамон андеша дорад, ки воқеан бар асари ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистону тоҷикон ба вартаи нобудӣ фурӯ рафта истода буданд ва ин шикастанҳоро ҳузури таърихии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба хотири дубора сохтани ватан ва миллат даст ба сӯи мардум дароз намуда, дар сафи пеш амри ҳидояти мардумро ба дӯши худ бигирад. Боиси ифтихор аст, ки ин манзалати таърихии Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо халқи тоҷик, балки аксари чеҳраҳои сиёсии ҷаҳони муосир, хоса тоҷикони олам низ ба дурустӣ шинохтаанд ва пазируфта шудани Сарвари давлат ба ҳайси Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аз ин мақом ва ҷойгоҳи баланди эҳтиром дарак медиҳад.
Бозсозии низоми иқтисодӣ, барқарории комили харобаҳои баъдиҷангӣ ва расидан ба марҳилаи таҳаввулоти навин дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ ба давлат танҳо дар ҳоле муяссар мешавад, ки зимоми раҳнамоии онро пешвои ҳақиқӣ ва ояндабин дар ихтиёр дошта бошад. Ҳамин саодат ва ҳамин комгорӣ барои тоҷикону Тоҷикистон дар як фосилаи кутоҳи таърихӣ муяссар гардид, ки дар саргаҳи раҳнамоиҳои он сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ҳамин гуна пешво қарор доштанд. Имрӯз, ки мо дар айёми ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои фикриву сиёсии ҷаҳони муосир қарор дорем, миллати мо воқеан ба эътирофи расмии чунин пешвое, ки аллакай дар қалбҳои мардум ин мақом соҳиб шудаанд, ниёз дорад. Танҳо ҳузури чунин шахсиятҳои таҷрибадида, дар саҳнаи сиёсат озмудашуда ва соҳиби мактаби нерӯманди сиёсии хеш, ки ба хиради азалии миллӣ такя мекунад, метавонад роҳи дурусту рушанро бароямон имрӯзу фардову фардоҳои дигар нишон диҳад. Ғояҳои дурнигаронаи мактаби сиёсатмадории чунин пешвои сиёсӣ, ки дар андешаҳои ба ақли солим, афкори пешқадами ниёкон, назарияҳои давлатдории миллии таҷассуёфта дар таълимоти давлатмардони гузашта ва сиёсатмадорони пешқадами сатҳи ҷаҳонӣ такя мекунанд, барномаи фардои зиндагонии шоистаи ҳар яки мо ва наслҳои оянда дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллии мо хоҳад буд.
Бо боварӣ гуфта метавон, ки миллати тоҷик, халқи бофарҳанг ва соҳиби таммадуни бойю ғанӣ дошта ҳамаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро қадр мекунанд ва дар якпорчагии ватани худ камари ҳиммат мебанаданд.

Низомидин КОМИЛОВ.
Мудири кафедраи молия ва қарз.


Back to the list