KGU

16 НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

28.10.2020

16 НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, минбаъд дар Тоҷикистони азизи мо рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, бузургдошти “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар “Рӯзи Президент” беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,
Суханаш нуру минбараш нур аст.
Қадамаш хуррамию ободӣ,
Ватанаш нуру кишвараш нур аст.
Ба шаби тира дастболо шуд,
Офтобе, ки лашкараш нур аст.
Нури ҳафт осмон нигаҳбон бод,
Ватанеро, ки Сарвараш нур аст.

Мавзуна ИБОДОВА.
Омӯзгори факултети иқтисод ва идора.


Back to the list