KGU

МУҲАММАДИҚБОЛИ ҚАЛЛОБ ДАЪВОИ ХУДСАФЕДКУНӢ ДОРАД!

30.10.2020

МУҲАММАДИҚБОЛИ ҚАЛЛОБ ДАЪВОИ ХУДСАФЕДКУНӢ ДОРАД!

Буд, набуд дар як замоне як «марди» аблаҳи ришдароз ба фиребу найранги мардум машғул шуда, пулҳои зиёди онҳоро рабуд ва зарари зиёд ба мардуми бечора расонид. Хост бо ин пулҳои аз роҳи ғайр ба дастовардааш шиками чун говашро пур кунаду хостаҳои аблаҳонаашро бароварда созад. Ин марди палид бо ин пулҳо чанд маротиба ба сафари Хонаи Худо рафту баргашт ва боз ҳамон амалҳои касифашро идома дод.
Ин палидак бо пулҳои дуздидааш аз мардум се зан гирифта, онҳоро ҳам бадбахт намуд. Баъди чунин бедодгарӣ оқибат аз ватанаш гурехту ба Аврупо панаҳ бурд.
Ин ғайрибашарро мешиносед? Ин кас Муҳаммадиқболи Садруддин мебошад, ки хиёнатҳояшро дар ватан тамом карда, ҳоло дар Аврупо ба сӯи миллати хеш сангандозӣ мекунад. Рӯзи дароз кораш фақат ғайбату бӯҳтон аст. Як ҳамватанро ба ҳамватани дигар ҷанг меандозаду аз он лаззат мебарад. Пушти дин пинҳон шуда, ғаразҳои нопокашро баровардан мехоҳад, лекин мардуми шарифи тоҷик аллакай ин гуна паразитҳоро мешиносанд ва ба гапҳояшон бовар нахоҳанд кард.
Ин касиф дар ғарибӣ хоҳад мурд ва ҷасадаш туъмаи кафторҳо хоҳад шуд!

Комрон СУЛАЙМОНӢ, донишҷӯи ДДК.


Back to the list