KGU

ДАВИДАНИ ГӮСОЛА ТО КАҲДОН

05.11.2020

ДАВИДАНИ ГӮСОЛА ТО КАҲДОН

Ҳар гоҳ ба саргузашти ҳазор сол охири мардумони Осиёи Марказӣ ва Хуросон (Афғонистони имрӯза), ба вижа сарзамини тоҷикнишинон менигарӣ, дар пеши дидор як идда одамони миллатгурези дасисабарангез меоянд, ки ё аз фарти бехирадӣ ва ё ба хотири қассоси шахсӣ, зистгоҳи тоҷиконро ба арсаи ҳамдигарситезиҳову худкушиҳо ва вайрона сохтани зодбуми падарон табдил додаанд. Имрӯз зиёданд дуздони ғаддор, ватанфурӯшони маккор, палидони дилозор, ки чун тиҷораташон омад накард, ё аз бонкҳову шиносҳо қарздор шуданд ба хориҷа гурехта, ба сари пурмоҷарои худ кулоҳи «гурезаи сиёсӣ» мегузоранд, то ки дар Аврупо нафақаи таҳқиромез гирифта зиндагӣ ба сар барад. Мо ҳамқишлоқиёни зиёдамонро медонем, ки дар Тоҷикистон бо ду – се духтараки зебову содда ақди никоҳ баста, аз ҳар кадоме як – ду тифлӣ ба дунё оварда, дар ивази заҳмат кашидану ба воя расондани фарзандон ба хориҷа фирор карда зистгоҳи махфии худро на танҳо аз зану фарзанд, балки аз падару модари пири роҳинтизор пинҳон медоранд.
Авқоти ахир дар ғайбатшабакаҳо чашм ба номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ё Садурдин хира мешавад, ки пайдост дар худнамоиву худбузургбинӣ, ё ба истилоҳи сиёсатбозони ҳилагари ибтидои асри 21 дар «пиар» - тарошӣ маҳорат пайдо кардааст; ришаки шоназадае, ки ӯро метавонад агар лозим шавад , тақводор менамоёнад ва дар ҷойи дигар худро зиёӣ ва аврупоимаоб нишон медиҳад.
Ҳоло баъзе аз кишварҳои Аврупо барои дар оянда ба митингхонаву саргардонкада мубаддал сохтани кишварҳои амну ороми шарқӣ, ҳам аз қартаи хоршавии дини ислом ва ҳам аз қартаи демократиябозӣ кор мегиранд. Садриддин, ки худро журналисти таъқибшуда нишон додааст, ҳамчун ҳанноти гузаро аз тарафи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо далелҳои мувассақ ва шоҳидии фиребхӯрдагон Кабутова Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқуловича ва Қаюмов Носеҳиддин Шарифович, аз 15 октябри соли ҷорӣ, ҳамчун ҷинояткор дар кофтуков аст. Фиребхӯрдагон иддао доранд, ки бо шоҳидии одамони зинда, дар шаҳри Дубай Мухаммадиқболи Садриддина соли 2010 аз онҳо дар ҳузури шоҳидон маблағи 430 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, аз баргардондани маблағҳои номбурда даст кашидааст.
Ин журналисти ҳаннот солҳои охир дар сайти хиёнаткорони «Ислоҳ.нет» ба ғайбатсароӣ машғул аст ва мавзӯи мақолаҳояш бештар ба адолатхоҳӣ нигаронида шудаанд.
Акнун бояд ҷавоб диҳад ба хонандагонаш, ки кай пулҳои номбурдагони бечораи тоҷикро бармегардонад?
Ҳоло Полиси байналмилалӣ – Интерпол ӯро ҷустуҷӯ дорад ва ба куҷо боз сар хоҳад зад ин гунаҳкор дар пеши миллат ва инсоният?

Кайвон Шарифӣ



Back to the list