KGU

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

13.11.2020

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президенти кишвар бо дарёфти 90,92% ё худ 3 млн. 837 ҳазор 227 овози интихобкунандагон Президенти кишвар интихоб гардид. Рӯзи 30-октябр дар Қасри миллат Маросими савгандёдкунии Президенти кишвар баргузор гардид, ки расман ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,
Барои тоҷикон пайғоми яздонӣ, ту меарзӣ.
Парешон халқи тоҷик буд, зи дасти аҷнабӣ аммо,
Раҳо карди ватанро аз парешонӣ ту меарзӣ.
Дар таърихи навини мо волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид.
Дар он вақт Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба душ гирифта, самти тараққиёти онро дар ИҷлосияиXVI муайян кард. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.
Мардуми Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз роҳбари худро дар симои шахсияте мехост бубинад, ки ӯ дар шароити душвори гузариш аз як сохти давлатдорӣ ба сохти дигар, масъулияти вазнини роҳбариро ба души худ гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгӯӣ, хақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ нақши намоён мебозид. Пас аз интихоби якдилонаи вакилон, Сарвари тозаинтихоб савганд ёд намуда гуфт: «… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон бараъло собит намуда истодааст.
Ба шири модарат хурдӣ қасам,сулҳ меорам,
Хариди ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ
Сипосу азр таҳти дил бигӯянд халқ пеши ту,
Чӣ ҷои гап, ки ба ҳар дард дармонӣ ту меарзӣ.
Пешвои миллат тамоми саъю кӯшишҳояшонро баҳри ободии Тоҷикистони азиз равона карда, миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ бо кордонию меҳнатпарастӣ, меҳмондӯстиву меҳмоннавозӣ муаррифӣ намуд.
Туфайли заҳмату талошҳои Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, Тоҷикистон ба биҳишти рӯи замин мубаддал гаштааст.
Сохта ва ба истифода додани як қатор муассисаву корхонаҳои соҳаҳои гуногун дар саросари кишвар,таъсиси МИО, таъсиси садҳо ҳазорон ҷойҳои нави корӣ барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо гувоҳи рушди иқтисодию-иҷтимоии Тоҷикистони азиз аст.
Имкониятҳои фаровон барои донишандӯзии ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар, шуғл варзидан ба касбу кори дилхоҳ, эҳё ва ривоҷи ҳунарҳои қадимаю таърихии мардуми тоҷик ва ба ҷаҳониён муаррифи намудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ, Солҳои 2019- 2021- ро солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардан, талошу кӯшишҳои шабонарӯзӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, гувоҳи пешравиҳои бемислу монанди кишвари азизамон мебошад .
Бо ин ҳама хизматҳои шоён ва содиқ будан ба ин халқу Ватан Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қалби хурду бузурги мардуми тоҷик маскан гирифта, қуввату марҳам ба қалби пурэҳсоси онҳо гаштаанд. Аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар мардуми тоҷик сарфароз гашта, бо чунин сарвари адолатпарвар мефахранд ва доимо дуогӯю шукргузор аз он ҳастанд, ки Худованд ба мо чунин сарвари хирадманд, оқил ва пуштибонро насиб гардонидааст.
Бошад ки дар ватани маҳбуби мо, Тоҷикистони азиз фазои сулҳу субот ҳукмфармо бошаду, мардуми шукргузори тоҷик дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давлатдорӣ намуда, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқубунёд ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаро ишғол намояд.

Шаҳрбону БОБОХОНОВА.
Омӯзгори калони факултети иқтисод ва идора.


Back to the list