KGU

АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16.11.2020

АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     Нимаи дуюми асри ХХ ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад. Вале ин тӯҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт. Надоштани таҷрибаи  давлатдории ҷадиду мустақилона, паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа,ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои давраи нави инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умимидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд.
     Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ  ба воситаи вакилони халқ дар мақоми  олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Шӯрои Олӣ роҳбарияти  нави мамлакатро таҳти сарварии Э.Ш. Раҳмонов интихоб намуд. Маҳз Э.Ш. Раҳмонов ҳамчун Раиси Шӯрои Олии ҶТ ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
     Новобаста аз баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.
     Иҷлосияи ХVI масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин  бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати  озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шуданд.
     Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар  Иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд.
     Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамин Иҷлосия ҳукумати нав таъсис ёфта, аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ содиқ будани худро ба аслҳои башардӯстона нишон дод.
     Имрӯз оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризояти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии қарорҳои ҳамин Иҷлосия ва талошҳои Э. Ш. Раҳмонов дар ин роҳ аст. Роҳбарии хирадмандона, рӯҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ѓайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба сарвари давлат аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои Иҷлосияи ХVI Шӯро Олии ҶТ мусоидат намуданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва парламенти кишвар, ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгашро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд. Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби СММ ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шуд.
     Дурустии роҳи Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии ҶТ ва роҳбарияти мамлакат буд, ки сарони давлату парламентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аксарияти кишварҳои минтақаю ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯзҳои душвортарин моро дастгирӣ карданд ва ба мо кӯмакҳои амаливу беѓаразона расониданд. Инчунин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, хусусан СММ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба мо ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекарданд.
     Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии ҶТ инчунин ба ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошт. Истиқлолият, ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эътироф гаштанд, ки асоси  фарҳанги нави сиёсиро ташкил доданд.
     Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI инчунин дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин идея худ як зарурияти таърихӣ ба ҳисоб мерафт, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад.
     Иҷлосияи таърихии XVI-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  15-рӯз,  аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 идома ёфт. Дар  кори он  намояндагони  давлатҳои Узбекистон, Қазоқистон, сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон  ва намояндагони  СММ  иштирок доштанд.
     Аз 74 санадҳои ҳуқуқие, ки дар Иҷлосия қабул шуданд, зиёда аз 30 қарору ҳуҷҷатҳои  расмӣ  барои ба эътидол  овардани  Тоҷикистон нақши  ҳалкунанда бозидаанд.
     Воқеан ҳам ин анҷумани таърихӣ, ки мо дар арафаи 28-солагии таҷлили он қарор дорем, дар таърихи  давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Маҳз  ҳамин анҷуман оѓози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик- таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.
     Бояд тазаккур дод,  ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон  оѓози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии   Тоҷикистонро қавӣ намоем. Мухимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.
     Имрӯз метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд.  Иҷлосияи XVI-уми  Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд. Ҳамин тариқ Иҷлосияи XVI-уми  Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаи таърихии худ бомуваффақият баромад.

Гулчеҳра МУРОДОВА, Зафар РАҲМОНОВ.
Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Back to the list