KGU

РОҲАТИ МАРДУМ ТАЛАБ! ОЗОР ЧИСТ?

18.11.2020

РОҲАТИ МАРДУМ ТАЛАБ! ОЗОР ЧИСТ?

     Умри инсон чун барқ даргузар аст ва вақти зиндагӣ чун мавҷи баҳор нопойдор. Ҳар соате, ки мегузарад, ҷавҳари бебадал аст. Қимати онро бояд донем. Ва аз зиндагӣ он чӣ рафт, боз овардани он  ғайри имкон аст. Пас, чаро на ҳама дар ин бора андеша мекунанд ва дар пайи озору маломати мардуманд. Ба ин гуна ашхос Фаридаддини Аттор чанд аср пеш муроҷиатона гуфта буд:                               
                                 Роҳати мардум талаб! Озор чист?
                                 Ҷуз хиҷолат ҳосили ин кор чист?

     Вобаста ба ин қайд карданиям, ки ҷавонони аксар давлатҳои абарқудрати пешрафта, аз ҷумла кишвари азизамон низ барои «амир» шудан ба давлатҳои Сурияву Ироқ сафар намуданд. Дар асл онҳо на «амир», балки «асир монданд». Сар карда аз соли 2013 бо ташкил шудани ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) садҳо ҳазор ихтиёриён ё худ муҷоҳидини роҳи дин ба Сурияву Ироқ ба ҷиҳод мераванд. Дар онҷо бо нафароне, рӯ ба рӯшуданд, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳамчун амир эълон гардиданд:
     Абу Бакр ал – Бағдодӣ ном ва насаби аслияш Иброҳим Авад Иброҳим Алӣ Ал-Бадрӣ Ас-Самарраӣ. Худро халифа ва амири тамоми мусулмонҳои дунё эълон намудааст ва аз дигарон хостааст, ки ба ӯ садоқати хешро нишон диҳанд. Бунёдгузори ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) соли 1971 дар шаҳри Бағдод дар наздикии шаҳри Самара таваллуд шудааст.
     Абу Аля Ал Афрӣ яке аз қумадонҳои ДИИШ ва амири минтақаи Мосули Ироқ. Ном ва насаби аслияш Абдул Раҳмон Мустафо буда, пештар ҷонишини Абу Бакр ал-Бағдодӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди кушта шудани Абу Умар Ал Бағдодӣ номзадии ӯро барои қумандони тамоми қувваҳои «Ал - Қоида» дар Ироқ пешниҳод намуданд, вале вай инро напазируфта, ба гурӯҳи ДИИШ мепайвандад.
     Абу Сулаймон Ан Носир ном ва насаби аслияш Нуъмон Сулаймон Мансур аз Зайдӣ буда, қумандони ДИИШ ва амири минтақаи Раққаи Сурия ва роҳбари Шӯрои ҳарбии ДИИШ ба ҳисоб мерафт.
     Абу Муҳаммад Ал Аднанӣ ном ва насаби аслияш Таха Субхи Фалаха. Қумандон ДИИШ ва амири вулусволии Идлиби Сурия. Соли 1977 дар шаҳри Банши вулусволии Идлиби Сурия таваллуд шудааст. 31 майи соли 2005 дар натиҷаи ҳамла ба Ироқ аз тарафи ШМА асир гирифта мешавад аммо бо гузашти 1 сол озод мегардад. Соли 2014 дар навори видеоӣ нишон дода мешавад, ки чӣ тавр Абу Муҳаммад Ал Аднанӣ ба Абу Бакр ал – Бағдодӣ садоқат ва таслими худро нишон медиҳад. Ӯ аввалин шахсест, ки ба Абу Бакр ал – Бағдодӣ хабар медиҳад, ки гурӯҳи ифротгарои «Боко Ҳарам» ба ДИИШ ва Абу Бакр ал – Бағдодӣ садоқат ва таслимии худро иброз доштаанд. Барои маълумот оиди ӯ 3 млн доллар аз тарафи ШМА ваъда карда шудааст.
     Абу Умар Аш – Шишанӣ (тахаллусаш генерали зард) шаҳрванди Гурҷистон буда, ном ва насаби аслияш Тархан Батирашвилӣ аст. Собиқ афсари қувваҳои мусаллаҳи Гурҷистон, қумандони ДИИШ ва амири шаҳр ва вулусволиҳои Алеппо, Раққа, Латакия. Саркардаи гурӯҳи ифротгарои «Аҳрор Аш Шом» мебошад. Яке аз қумандонҳои бонуфузтарини ДИИШ ба ҳисоб рафта,  барои ришу муйлаби зардаш инчунин бо тахаллуси «генерали зард» машҳур аст.
     Тариқ  бин Ат – Тоҳир бин Ал – Фалих Ал – Авнӣ Ал Хазрӣ шаҳрванди Тунис буда, аввалин аъзои ДИИШ дар Ироқ ба шумор меравад.  Ӯ инчунин бо унвони «амири худкушҳо» маълуму машҳур аст. Зеро бо роҳбарии ӯ садҳо террористони худкуш амалиётҳои худро тарҳрезӣ ва амалӣ намудаанд.
     Як чизро бояд қайд намоям, ки ягон нафари дар боло номбаргардида беҳуда ва бе асос унвони амирро нагирифтаанд. Масалан: Абу Умар Аш – Шишанӣ барои бераҳмӣ ва қатли бераҳмонаи аҳолии гирду атрофии вулусволиҳои Латакия ва Раққа;
     Абу Муҳаммад Ал Аднанӣ барои қатлу куштори бераҳмонаи асирони ҳарбии ироқӣ ва суриягӣ;
     Абу Сулаймон Ан Носир барои бо усулҳои бераҳмона азоб ва қатл кардани тарафдорони режими президенти феълии Сурия Башор Асад;
     Тариқ  бин Ат – Тоҳир бин Ал – Фалих Ал – Авнӣ Ал Хазрӣ барои тайёрсозии ҳарчи бештари террористони худкӯш ва тарконидани маҳаллаҳову минтақаҳои Ироқу Сурия;
     Боқимонда амирон низ бо нишон додани ягон ваҳшоният бо худ ин унвонҳоро гирифтаанд. Ҷанговарони аз Осиёи Миёна ба Сурияву Ироқ ба ҷанг рафта кӯшиш менамуданд, ки худро нишон диҳанд ва аз номи халифа унвони амирро гиранд. Масалан, Назаров Нусрат бо тахаллуси Абу Холид кӯшиш менамуд, ки бо роҳи ҷалби бештари ҷавонон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ тариқи наворҳо худро пеши роҳбаронаш нишон диҳад, то ба ӯ унвони амирро сазовор бинанд, аммо ба мақсадаш норасида кӯшта мешавад. Пештар аз тариқи оинаи нилгун ва дигар ВАО хабар меёфтем, ки муҷоҳидон бо роҳи гирифтани маблағҳои зарурӣ ҳамчун зархарид дар амалиётҳои ҷангӣ дар Ироқу Сурия ҷанг менамоянд аммо муҷоҳиддин тариқи наворҳои видеоӣ ин хабарҳоро рад месохтанд ва мегуфтанд, ки танҳо дар роҳи худо ҷиҳод менамоянд. Шаҳри Бағдод садсолаҳо пойтахти хилофати исломӣ ва Димишқ маркази пешрафт ва рушди Ислом ба шумор мерафтанд. Имрӯз ин шаҳрҳо ба харобазор табдил ёфтаанд. Пас дар ин давлатҳо муқобили кӣ ҷиҳод менамоянд? Муқобили аҳолӣ? Охир аҳолии ҳар ду ин давлатҳо ҳатто пеш аз мо Исломро қабул намудаанд ва дини Ислом нисбати мо дар ин давлатҳо рушд ёфтааст. Асос ин аст, ки он ҷо мусулмон ҳалок мешавад ва давлатҳои исломӣ месӯзад. На яҳудӣ мемирад, на насронӣ дар ба дар овора гаштааст, на будоӣ шаҳраш месӯзад. Фақат ва фақат мусулмон ва давлати мусулмонӣ ва аламовараш он ки бо дасти худи мусулмонон дунёро падруд мегӯянд.
     Ҳақиқат он аст, ки қисми зиёди шаҳрвандоне, ки дар амалиётҳои ҷангии Сурияву Ироқ иштирок намуданд на саводи диннӣ доранд на саводи дунявӣ. Ҳамаи инҳо аз рӯи бесаводӣ, набудану надоштани тафаккур ва  маданият сар мезанад. Чуноне, ки Фирдавсӣ мефармояд:
                                              Туро донишу дин раҳонад дуруст,
                                              Роҳи растагорӣ бибояда- т ҷуст,
                                              Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд,
                                              Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд,
                                              Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй,
                                              Дил аз тирагиҳо бад ин об шӯй.

Одинамо ШАРИПОВА.
Декани факултети филологияи рус.


Back to the list