KGU

Пешвози ғолиби озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ" дар донишгоҳ

Пешвози ғолиби озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ" дар донишгоҳ 19.12.2020

Пешвози ғолиби озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ" дар донишгоҳ

        Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ омӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинг Қурбонов Хуршедро барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи «Хондан ва азёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» муборакбод намуда, барояшон сарфарозӣ, хушбахтӣ ва муваффақияти боз ҳам баландро таманно дорад.
        Қурбонов Хуршед теъдоди зиёди осори намояндагони адабиёти ҷаҳонро мутолиа намуда, ба маҳорати баёни фикр, таҳлили фаъолияти қаҳрамонҳои асарҳо ва хулосабарориҳои ӯ аъзои ҳакамони озмун баҳои баланд додаанд.
        Дастоварди Қурбонов Хуршед мояи ифтихору сарбаландии донишгоҳ буда, намунаи ибрати ҷавонони имрӯза дониста мешавад. иброз доштанд, Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Мирализода А.М. дар ҷараёни суханрониашон дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ҳамчунин омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ ин омӯзгорро бо ин дастовардаш сидқан табрику муборакбод намуданд. 


Back to the list