KGU

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ” 13.03.2021

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст нишастро ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Мирализода Абдусалом оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфтанд.
Дар чорабинӣ Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, ҷавонони фаъол аз ҷумлаи олимон, омӯзгорони муасиссаҳои олӣ ва дигар коршиносони иштирок доштанд.
Нишаст бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар поёни мизи мудаввар ба ғолибони иншои беҳтарин дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” сипосномаҳо ва дипломҳо супорида шуд.

Возможно, это изображение (3 человека и люди стоят)     Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и текст «кумитаи кор бо чавонон BA варзиши назди хукумати чумхурии точикистон TOH бахшида б‘а 30 солагии истиклолияти давлатии чумхурии TO зимудавари ввари муда риявй MAB оно ? TA 301 VJ "нак FC диплом куло»)

Маркази матбуотӣ


Back to the list