KGU

ЛОЛАҲО ДАР ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ ШУКУФТАНД

26.03.2021

ЛОЛАҲО ДАР ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ ШУКУФТАНД

Аз гулфурӯш лоларухе лола мехарид,
Мегуфт бе табассуми гул хона бесафост

ЛОЛАҲО ПЕШ АЗ ҲАМА ДАР ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ ШУКУФТАНД.


Ба ростӣ ҳам бо қадами хуҷастаи Наврӯз лолаҳои бо сад умед шинонда дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шукуфтанд. Лолаҳои сафеду сурху зард ба сони парчами бостонии коваёнӣ, ки дар болояшон парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парпар мезанад, саҳни Донишгоҳро зеботар гардонидаанд.
Чуноне шоир гуфтааст «бе табассуми гул хона бесафост…». Ва инак гулҳои навбаҳорӣ дар паҳлӯи роҳравҳо, гулгаштҳо ва саҳни факултаҳо рӯ ба шукуфоӣ овардаанд ва дар бинои марказии Донишгоҳ бошад, лолаҳо бо табассум ба хурду калон ишораи «хайра мақдам» мекунанд.
Тоҷикистонро ба гулистон табдил додан иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин бора мақолаи устод Зафар Мирзоён бо унвони «Гулпарастӣ шеваи афлокӣ аст..» ба манзури хонандагони шабакаи «Фейсбук» гузошта мешавад.

Возможно, это изображение (цветок и на открытом воздухе)     Возможно, это изображение (цветок и на открытом воздухе)

Возможно, это изображение (цветок, дерево, природа и памятник)     Возможно, это изображение (цветок и природа)

Возможно, это изображение (цветок и на открытом воздухе)     Возможно, это изображение (цветок и на открытом воздухе)

Маркази матбуотӣ


Back to the list