KGU

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДОНИШГОҲ

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДОНИШГОҲ 03.04.2021

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДОНИШГОҲ

Барои шомил шудан дар Муассисаҳои маълумоти олии кишвар ба он нафароне, ки мактабҳои миёна ва президентиро хатм менамоянд, дар саросари диёри азизамон ҳамарӯза аз тарафи кормандон ва омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.
Бо дастури раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯзи “Дарҳои кушод”, баргузор гардид.
Ҷамъомадро ректори Донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда ба довталабон хайрамақдам арз намуданд. Суҳбати сарвари донишгоҳ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар фазои озод доир гардид.
Ба воситаи наворҳои видеоӣ довталабон аз раванди таълим, интихоби ихтисос, иштирок дар маҳфилҳо, шароитҳо барои таҳсил огоҳии басанда пайдо карданд.
Дар поёни суҳбат довталабон ба устодон дар мавриди имкониятҳои доштаи Донишгоҳ , барои ҳосил намудани касби дилхоҳ саволҳо ба миён гузошта ҷавобҳои мукамал гирифтанд.

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)     Возможно, это изображение (16 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Возможно, это изображение (7 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Возможно, это изображение (8 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list