KGU

ОЗМУНИ ГРАНТҲОИ ХУРД

ОЗМУНИ ГРАНТҲОИ ХУРД 10.04.2021

ОЗМУНИ ГРАНТҲОИ ХУРД

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08.2015, №496 “Дар бораи ҷудо намудани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар ҶТ” (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2014 таҳти №371) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои дарёфти грантҳои хурди озмуни баргузор гардид. Чорабинии мазкур ҳар сол гузаронида шуда, дар он донишҷӯён, магистрантон ва докторантони PhD бо лоиҳаҳои илмию инноватсионии худ дар самтҳои гуногун иштирок намуданд.
Озмун асосан 4 давраро дар бар мегирад:
Ташкили семинарҳо аз ҷониби шахсони масъул (кормандон ва волонтёрони Маркази рушди касбият ва инноватсия);
Қабули лоиҳаҳои хурд - марҳилаи қабули дархостҳои довталабони озмун, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ муайян карда мешавад;
Маблағгузорӣ аз ҷониби донишгоҳ ҷиҳати гузаронидани грантҳои хурд ба амал бароварда мешавад;
Ҳаҷми маблағҳои гранти аз 500 то 3000 сомониро ташкил дода, ғолибони озмунро бо чунин маблағҳо қадрдонӣ карда мешаванд:
Ҷойи якум - 300 сомонӣ;
Ҷойи дуюм – 200 сомонӣ;
Ҷойи сеюм- 100 сомонӣ;
Озмуни мазкур аз соли 2016 то инҷониб гузаронида мешавад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки лоиҳаҳое, ки дар озмуни мазкур соҳиби грант шудаанд, натиҷаҳои назаррас додаанд. Дар озмун 32 лоиҳа пешниҳод гардид, ки аз онҳо 17 лоиҳа ба талаботи озмун ҷавобгӯ буданд. Қайд кардан зарур аст, ки иштирокчиёни озмун аз 6 факултети донишгоҳ мебошанд.

Возможно, это изображение (12 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)     Возможно, это изображение (1 человек, стоит и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list