KGU

ЭКСТРЕМИЗМ - ТЕРРОРИЗМ ВА ОМИЛҲОИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

ЭКСТРЕМИЗМ - ТЕРРОРИЗМ ВА ОМИЛҲОИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ 30.04.2021

ЭКСТРЕМИЗМ - ТЕРРОРИЗМ ВА ОМИЛҲОИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Муродова Г.Р.
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент,мудири кафедраи  
ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

«Ватанро дӯст доштан аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат, истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд».

Э. Раҳмон

Дар охири қарни ХХ ва ибтидои қарни ХХl инсоният ба хатари ҷиддие мисли экстремизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад ва ба амнияту рушди кишварҳои дунё, сарфи назар аз хурду бузург ва мутараққиву қафомонда буданашон, таҳдиди воқеӣ дорад. Дар шароити ҳозира созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони рӯхияи террористӣ дошта,фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зидди инсонӣ ва бераҳмона истифода менамояд.

Таҳқиқи падидаи экстремизм ва махсусан терроризм бисёр мушкил аст, вале як зуҳуроти манфии умумӣ дар бораи терроризм ва экстремизм вуҷуд дорад, ки ин моҷароҷӯӣ, зeроварӣ ва хушунат аст. Маъмулан террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зeроварӣ (ба фикри онҳо зeроварии ҳақ ва ногузир) аст.

Экстремизм ва терроризм - омилҳои барҳамдиҳандаи арзишҳои волои инсонӣ буда,ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат таҳдид менамояд ва беназардошти таъмини бехатарӣ пеш бурдани сиёсати дуруст ғайриимкон аст. Зеро амният олитарин арзишест, ки муносибати устувор ва талаботи одамонро инъикос менамояд.

Радикализм- тундгароӣ-дастгирӣ ва пайравӣ ба ақидаҳои бемуросо ва таҳаммулнопазир. Раванди тундгароии ҷомеа-афзоиши шумораи тарафдорони ақидаҳои яктарафае, ки нуқтаи назари дигарро таҳаммул надоранд, ягон намуди муросоро эътироф намекунанд ва ба мукаламаи самаранок моил нестанд.

Дар китоби профессор, доктори илмҳои сиёсӣ Г.Зокиров «Идеологияи сиёсӣ» мафҳуми экстремизм чунин шарҳ дода шудааст: «Экстремизм яке аз навъҳои фаъолияти сиёсии иртиҷоӣ мебошад. Он барои амалӣ гардонидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷарогароӣ, зӯригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизм самти осоиштагӣ, конститутсионии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад. Он ба муқовиматомез гардидани зиддиятҳои муносибатҳои байналмилалӣ оварда мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал менамояд».

Мафҳуми «экстремизм» аз забони лотинӣ буда, маънои канораро дорад. Дар сиёсат экстремизми сиёсӣ маҷмӯи ғояҳо, андешаҳо ва амалу фаъолияти радикалист, ки асосан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад.

         Ба ҷумлаи хусусиятҳои дигари ҳаракати экстремистӣ андешаҳои ба «хуб» ва «бад», ба «худӣ» ва «бегонагон» ва ғайраҳо ҷудо намудани одамон дохиланд. Дар чунин ҳолат принсипи «ҳар касе бо мо нест, душмани мост» фаъол мегардад.

Экстремизм ҳаракати фаъол аст. Он мақсади муайян дошта, характери таҷовузкорона дорад. Ҳадафи асосии онро тағйир додани олам мураттаб месозад.Ба таълимоти экстремистӣ ҷаҳонбинии маҳдуд хос буда, доираи масъалаҳо ва манфиатҳо танг аст ва андешаҳои дигарро ғайр аз андешаи худ эътироф намекунанд ва ҳуқуқи мавҷудитяти онҳоро барҳам мезананд. Ҷараёни экстремистӣ бештар ба ишораҳо ва даъватҳои авомфиребонаю ҷоҳталабона образи хаёлии душманро меофаранд. Онҳо бештар ба эҳсосоти одамон таъсир мерасонанд. Одамонро ба саркашӣ ва шаклҳои гуногуни эътироз даъват намуда, нооромиро ба вуҷуд меоранд. Барои ба мақсад расидан аз ҳама воситаҳо истифода мебаранд.

         Дар низоми навини олам экстремизм яке аз масъалаҳои мураккабтарин ва пурихтилофтарин мансуб меёбад. Он дар навъҳо ва шаклҳои гуногун ба амал омада, вобаста ба макон ва замон хусусиятҳои гуногунро пайдо менамояд. Махсусан, дар низоми нави олам яке аз шаклҳои манфуртарини он-терроризм мақоми хоса пайдо намуда, таваҷҷeҳи бисёре аз одамону наслҳои тараққихоҳ ва ходимони давлатию ҷамъиятиро ба худ кашидааст.

             Терроризм ин падидаи нави раванди сиёсӣ набуда, вай ҳамчун як шакли муборизаи сиёсӣ дар инкишофи таърихи инсоният ҳама вақт вуҷуд дошт. Терроризм ин усули муборизаи сиёсӣ буда, ба амалиётҳои ҳарбӣ, зeроварии ҷисмонӣ барои ба даст овардани мақсадҳои муайяни сиёсӣ, нест кардани рақибони сиёсӣ вобастагӣ дорад.

Таҳлилҳои сиёсӣ нишон медиҳанд, ки терроризм одатан дар мамлакатҳое ба амал бароварда мешавад, ки ҳаёти сиёсии онҳо ноором буда, дараҷаи тадбиқи қонунҳо дар зинаи паст қарор гирифтаанд.

Ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ аз афзудани хатарҳои асри XXI аз қабили радикализм, экстремизм ва терроризм сахт нигаронӣ буда, роҳҳои мубориза ва пешгирии ин падидаҳои номатлубро ҷустуҷӯ дорад. Ҳарчанд дар ин самт чӣ давлатҳои абарқудрат ва чӣ давлатҳои рӯ ба тараққӣ корҳои зиёдеро анҷом дода истодаанд, аммо ин зуҳуроти хатарнок ҳама вақт як қадам дар пеш аст ва усулу воситаҳои наву фаъолро дар муборизаи худ истифода мебарад. Имрӯз шаклҳои нави экстремизму терроризм зуҳур карда, беҳтарин мутахассисони соҳаи ҳарбӣ, технологияи муосир, коршиносону равоншиносонро ба гурӯҳҳои худ ҷалб намуда истодаанд.

Имрӯз гуруҳҳову иттиҳодияҳои террористӣ муттаҳид шуда, барои манфиатҳои геополитики хоҷагони худ амалиётҳои мусаллаҳонаи зиддиинсониро амалӣ карда истодаанд.

Имрӯз дар сафи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» зиёда аз 100 мамолики кишвар, бахусус ҷавонон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ширкат мекунанд, ки хатари ҷиддиест ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Дар китобҳои илмӣ якчанд омилҳои асосии зуҳури ифротгароӣ дар кишварҳои сеюм ё ин ки тозаистиқлол нишон дода шудааст.

Омили аввал. Яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгароӣ ва террор аз пастравии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа вобастагӣ дорад. Тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоию-иқтисодии ҷомеа ба тақсимшавӣ ва аз ҳаёти иқтисодию сиёсии ҷомеа дур андохтани қишри васеи мардум, махсусан ҷавонон мегардад.

Омили дувум, омили динӣ. Имрeзҳо мафҳумҳои ифротгароии динӣ ва терроризм бисёр машҳур шудаанд. Маълум аст, ки асоси ҳамагуна динро эътиқод ба Худо ташкил медиҳад. Таълимоти ҳар гуна дин ба эҳтиром, дeст доштан ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба мавҷудоти зинда асос ёфтааст.

Бояд дар назар дошт, ки дар солҳои баъд аз инқирози Иттиҳоди Шeравӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои объектививу субъективӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳҳо ва созмонҳое ташкил шудаанд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданд, ки ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар бораи ифротгароӣ дар заминаи ислом бисёр мегeянду менависанд ва чунин ба назар мерасад, ки гeё ҳар як мусалмон ифротгаро буда, нияти таркондану сeзонданро дорад.

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқуллодаи Созмони Конфронси Исломӣ(ҳозира Созмони Ҳамкории Исломӣ), ки дар шаҳри Макка 7-декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: « Воқеияти дигари номатлуби ҷаҳони муосир алҳол ба терроризм, экстремизм ва манбаи хушунату зӯроварӣ нисбат додани ислом ва барои тамаддуни пешрафта ҳамчун хатар арзёбӣ намудани он мебошад. Бинобар он зарурати муҳимтарин барои ҳамаи давлатҳои мусулмонӣ муборизаи муштарак ва муттаҳидона бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ мебошад». Ӯ моҳияти зиддиисломӣ доштани ин падидаро ошкор намуда, мефармояд: «Терроризм дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони eст, ин гуна нерeҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд».

         Имрeз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва алалхусус Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки як ҷузъи он мебошад нигаронӣ аз он дорад, ки ин падидаи номатлуб доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад.

Гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар аввали соли 2014 аз баданаи шeъбаи ироқии шабакаи «Ал-қоида» ҷудо шуда, қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ба даст овард. Абeбакри Ал-Бағдодӣ, як афсари артиши диктатори собиқи Ироқ Саддам Ҳусейн худро халифа эълон кард.

Дар асоси ин нақшаи пуриддао, ин гурeҳ қасд дорад, тамоми қаламрави бузургеро, ки як замон таҳти салтанати хилофати исломӣ қарор дошт аз Осиёи Марказиву Ҳинд дар Шарқ то вилояти Андалузияи Испания дар Ғарб, аз Қафқозу Балкан дар шимол то Арабистону саҳрои Кабири Африқо дар ҷануб дар як хилофати воҳид гирд биорад.

Ин ҷангиён бо нашри видеоҳо дар Интернет ба Русия ва Осиёи Марказӣ ҳушдор додаанд, ки «ҷиҳод»-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд нахоҳад шуд. Дар як харитае, ки аз номи «Давлати исломӣ» нашр шуда, нақшаи ин гурeҳи тундрав барои 5 соли оянда таҳия шудааст, мувофиқи он тамоми Осиёи Марказиро ҳамроҳ бо Афғонистону Тоҷикистон, қисматҳои мусалмоннишини Ҳинд ва вилоятҳои Шарқии Эрон дар як вилояти воҳид бо номи «Хуросон» муттаҳид сохтанианд.

Ин фазоест, ки ҳар рeз куштор аст, ҷангу даргирист ва гурeҳҳое дар ин кор сармоя ҷамъ мекунанд ва ҷавононе, ки ба ин воқеият ва ба ин фазо дохил мешаванд, танҳо дар фикри «наҷот дар охиратанд».

Имрeз Тоҷикистон терроризми ифротгароӣ, радикализм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрeзаро маҳкум медорад. Эмомали Раҳмон зимни ҷонибдорӣ аз сулҳ дар ҷаҳон гуфт: «Бо таваҷҷeҳ ба мухолифатҳо ва муқовиматҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ дар ҷаҳон сулҳу субот аз ҳарвақта зарур аст».

Ба ақидаи аксар муҳаққиқону сиёсатшиносон экстремизм бештар дар дин реша медавонад, ин аст, ки экстремизми динӣ дар тамоми гӯшаву канори дунё ба мушоҳида мерасад. Саволе ба миён меояд, ки чаро иддае ҷавонони мо ба ин гурӯҳҳои ифротгароӣ шомиланд. Имрӯз бархе аз муҳаққиқону коршиносони мо бар он ақидаҳо, ки сабаби гаравидани ҷавонон ин гумроҳӣ ва ноогоҳӣ аз арзишҳои воқеии ислом, яъне маърифати пасти диниву дунявӣ.

Ҳарчанд, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилот олии касбӣ зиёда аз 180 ҳазор ҷавонон таҳсил мекунанд, дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ меомӯзанд, боз иддаи зиёди ҷавонон аз таҳсил дуранд ва рӯ ба муҳоҷирати корӣ монанд.

Сабабҳои аввалиндараҷа

1.     Афзудан ва густариши ҳисси маъсӣ, нобоварӣ ба фардо, парешонӣ аз зиндагӣ, бекорӣ ва мақоми хешро дар ҷомеа наёфтани ҷавонон, паст будани маърифату дониши динии ҷавонон.

2.     Раванди бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), ки новобаста аз мо зиндагиро тағйр дода, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳо анъанавиро заиф месозад ва ҳатто аз байн мебарад.

3.     Омили сеюм, ки бештар дар ҷаҳони ислом ривоҷ ёфтааст, эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Инчунин муҳоҷирати корӣ, таҳсил дар макотиби динии хориҷи мамлакат, шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, авҷи навъи нави терроризм, яъне киббертерроризм (терроризми электронӣ) яке аз омилҳои асосии шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои тундгаро дониста мешавад.

Хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз ҷомеа, худсобиткунӣ, серталабӣ нисбат ба давлат, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, бемасъулиятии волидайн, коҳиши сатҳи зиндагӣ, паст будани фарҳанги иттилоотӣ, ришвахурӣ ва фасод, ҷинояткорӣ, ва фирор кардан аз ҷазо низ як аз сабабҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ мебошад. Пас мо чаро бояд бозичаи дасти абарқудратон бошем ва ҷони худро барои манфиатҳои онҳо аз даст диҳем.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мубаллиғони гуруҳҳои экстремистӣ бо роҳи шустушӯи мағзу тафаккури ҷавонони камтаҷрибаву осебпазир сафи худро аз ҳисоби миллату халқиятҳои гуногун пурра месозанд. Аммо то он замоне ки фирифташудагон хатои худро дарк месозанд аллакай дер мешавад ва онҳо аз чанголи ин хунхорон халосӣ намеёбанд ва ҷони ҷавони худро аз даст медиҳанд.

Мо бояд бидонем, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ҳарчанд ба зоҳир худро дар сари пеши мубориза бо «Давлати исломӣ» нишон медиҳанд, вале дар асл бо истифода аз гумроҳии аъзо ва пайравони ин гурӯҳ дунболи пиёда намудани ҳадафҳои геополитикии худ ҳастанд. Мусулмононро байни ҳамдигар иғвову тафриқа андохта, онҳоро нест мекунанд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки воқеияти авзои ҷаҳони муосир, тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва таҳдиди он ба кишварҳои минтақа, иқдомҳои пешгирикунандаро ба роҳ мондааст. Дар Тоҷикистон низ имрӯзҳо қувваҳои манфиатхоҳ ва душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита дар либоси экстремизму, терроризм ва дар шакли ниҳоду ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ байни мардум тухми кина кошта, сулҳу суботи кишвари азазамонрохалалдор карданӣ ҳастанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки мо бояд ҳеҷ вақт зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Оре, мо бояд зираку ҳушёр бошем, то ҳеҷ кас натавонад дигар байни мо тафриқа бияндозад, зеро мо як маротиба аз ин даҳшат бо талафоти бузурги ҷониву молӣ баромадем «Ин дарси ибратомӯз барои мову ояндасозони мо аст».

Ҷавонони соҳибмаърифати мо бояд донанд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсӣ дар натиҷаи хондан, омӯхтан, меҳнат кардан, некро аз бад фарқ кардан ба даст меояд.

Бо дарназардошти ин омилҳо якчанд роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ин падидаҳои номатлубро пешниҳод менамоем:

1.     Гузаронидани таҳқиқоти илмӣ-сотсиологӣ дар байни ҷавонон ва дуруст муайян намудани сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва коркарди роҳҳои наву фаъол ҷиҳати пешгирии он.

2.     Амалӣ намудани курсҳои махсуси омӯзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ оид ба таърихи пайдоиш ва решаҳои зуҳури ин пададаҳои номатлуб ва роҳҳои ҷилавгирӣ ва мубориза алайҳи он.

3.     Давра ба давра зиёд кардани ҷойҳои корӣ, муассисаҳои фароғатӣ, варзишӣ, клубҳо барои ҷавонон.

4.     Роҳандозӣ намудани чорабиниҳои тарбиявӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни волидайн, ҷавонони аз таҳсил дурмонда, дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ.

5.     Ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар кардани фаъолияти хадамоти муҳоҷират, омода намудани муҳоҷирони корӣ ба талаботи бозори меҳнат.

6.     Мубориза бо фасодӣ ва ришвахурӣ дар ҳама сохторҳои давлатӣ,.

7.     Баланд бардоштани масъулияти падару модар ва назорати ҷиддӣ аз болои фарзандон.

8.     Назорати ҷиддӣ аз болои фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ.

9.     Ҳамкории аҳоли бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва эътимоди байни онҳо.

10.           Ҳамоҳангсозии тарбияи ахлоқии ҷомеа бо тарбияи ҳуқуқӣ.

11.           Иштироки фаъоли аҳли ҷомеа алайҳи терроризм.

Баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, маданияти сиёсӣ, муайян намудани идеяи ягонаи миллӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, муҳаббат ба ватан, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳолӣ, ҳифзи марзу бум, мустаҳкамнамоии амнияти миллӣ, дар доираи ҳадафҳои худ истифода намудани фаъолияти созмону ташкилотҳои хориҷӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, метавонанд мамлакати моро аз таҳдидҳои замони муосир дар амон мемонад ва рушди устувори Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони худ, истиқлолияти он ва оромиву суботи ҷомеаи худро аз чунин зуҳуротҳои хатарнок эмин нигоҳ дорем. Бахусус ҷавонони мо бояд аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд.

Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ба ҷараёни робитаҳои ҷаҳонӣ шомил гардида истодааст ва он барои воридшавии кишвар ба системаи коммуникатсияҳои байналхалқӣ шароит муҳаё месозад. Умед аст,ки чунин падидаҳои номатлуб ва ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба мисли экстремизм ва терроризм барои ташаккули ҳифзи боэътимоди амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар хатар эҷод нахоҳад кард, зеро халқи тоҷик ин марҳиларо як маротиба паси сар карда, сабақи фаромӯшнопазир ҳам гирифт.

 

Ҳар шахсе аз Шумо субҳгоҳон бо тани солим аз хоб бархезад ва бо қути лоямут ва дар зери сояи амну амонӣ ва сулҳу оромӣ бизияд, ҳамчунонест, ки дунё бо тамоми дороияш ба ӯ бахшида шудааст.

                                            Ҳадис аз Имом Бухороӣ ва Имом Тирмизӣ

Руйхати адабиёти истифодашуда:

1.     Александров И. Исламский фактор в подрывной стратегии. М.: Мысль, 1986. – 398 c.

2.     Батошова А.К. Политический терроризм: детерминация и формы проявления. – М., 2004. -194 с.

3.     Бернгард А.С. Стратегия терроризма.-Варшава, 1978. -140 с.

4.     Брюс Хофман. Терроризм – Взгляд изнутри. – М., 2003. – 244 с.

5.     Грачев А. Политический экстремизм. – М., 1986. – 389 с.

6.     Жакер Р. Именем Усамы бен Ладена. – М., 2002. – 280 с.

7.     Жаринов К.В. Терроризм и террористы. – Минск: Харвест, 1999. - 369 с.

8.     Зокиров Г. Н. Донишномаи сиёсӣ.– Душанбе, 2007. – 602 с.

9.     Зокиров Г.Н.   Терроризм. – Душанбе: Ҳумо, 2004. - 54 с.,

10.    Зокиров Г.Н. Сиёсатшиноси / Г.Н. Зокиров. - Душанбе: Эр-граф, 2010. - 520 с.

11.     Қаззофӣ М. Китоби сабз. – Душанбе, АИ. 1992.- 133 с.

12.    Кожушко Е.П. Современный терроризм: Анализ основных направлений. – М., 2000. – 439 с.

13.   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 1999. №11.

14.         Королев А.. А.. Террор терроризм в психологическом и идеологическом измерении: история и современность.- М., 2003. -180 с.

15.         Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ. - Душанбе: Ирфон, 2010. - 442 с.

16.           Рахмонов Э. Независимость Таджикистана и возрождение нации / Э. Рахмонов. - Душанбе: Ирфон, 2002. - 512 с.

17.         Степанов Е.И. Современный терроризм: состояние и перспективы. М., 2000.-310 с.

18.         Терроризм – угроза человечеству в 21 веке. – М., 2003. - 216 с.


Back to the list