KGU

ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ 29.05.2021

ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-29 майи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Мақсади асосии баргузории Олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама - ин баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Дар кушодашавии Олимпиадаи мазкур Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин иштирок намуда, оид ба мақсади гузаронидани олимпиадаи мазкур суханронӣ намуданд. Номбурда иброз намуданд, ки имсол Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ гузаронида мешавад.
Сипас, довталабонро бо шартҳо ва тартиби баргузории озмун муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Мирзозода Наврӯз Довудхӯҷа шинос намуданд.
Олимпиадаи мазкур муддати 2 рӯз идома ёфт. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин олимпиада фаъолона иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти озмун донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойҳои зерин гардиданд.
1. Расулов Кароматулло аз фанни Биология сазовори ҷойи 2-юм
2. Давлатшои Бобохон аз фанни Фалсафа сазовори ҷойи 3-юм
3. Авалов Бахтиёр аз фанни Информатика сазовори ҷойи 3-юм
4. Ахмедов Бахтинур аз фанни Математика сазовори ҷойи ифтихорӣ
5. Фозилов Дилшод аз фанни Педагогика сазовори ҷойи ифтихорӣ
Ба ғолибон Ифтихорнома аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Возможно, это изображение (7 человек, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и люди сидят)

Возможно, это изображение (1 человек, сидит, стоит и текст «натичаи бахшхои олимпиада 2021»)     Возможно, это изображение (23 человека, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Возможно, это изображение (автобус и на открытом воздухе)

Маркази матбуотӣ


Back to the list