KGU

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ 24.02.2022

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 25-уми феврал дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи психология конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Психологияи ҳаёти оилавии ҷавонон дар замони муосир” баргузор гардид.

Дар конфронс Рафиев Сафархон-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Худойдодова Шарофат-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Шарипов Анвар Абдурасулович-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори раёсати таълими донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Нахуст сухани ифтитоҳиро Рафиев Сафархон-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз намуд. Сипас, Шарипов Анвар Абдурасулович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи психология дар мавзӯи “Таҳлили психологӣ оид ба интихоби ҳамсар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Набиева Муқаддас, саромӯзгори кафедраи мазкур дар мавзӯи “Тайёрии психологии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ”, Изатова Нозанин, саромӯзгори кафедра дар мавзӯи “Мавқеи оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар тарбия ва ташаккули инсон” ва Давлатова Малоҳат, саромӯзгори кафедра дар мавзӯи “Оилаи солиму мустаҳкам асоси фардои дурахшон” баромад намуданд. Конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳои устодону донишҷӯён ба анҷом расид.


Back to the list