KGU

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲАР КИ МОРО ЁД КАРД”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲАР КИ МОРО ЁД КАРД” 14.02.2022

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲАР КИ МОРО ЁД КАРД”

Санаи 15-уми феврал дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Ҳар ки моро ёд кард” баргузор гардид. Дар маҳфил Алишери Абдулмаҷид-мудири кафедраи журналистика, Муродов Ҷамил, ҷонишини декан оид ба тарбия, Содиқов Ёралӣ-номзади илмҳои филологӣ, дотсент ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Содиқов Ёралӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Муслимов Исмоил – магистранти соли якуми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзӯи “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-пайвандгари қалбҳову марзҳо”, Одинаева Гулбону саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шинохти шоирон” ва Тошматов Хусрав, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои динию ахлоқӣ дар “Минҳоҷ-ул-орифин”-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суханронӣ намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавоб хотима ёфт.


Back to the list