KGU

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  “РӮЗНОМАНИГОРИ  ҶАВОН” 23.02.2022

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

Таърихи 24-уми феврал дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигори ҷавон” баргузор гардид. Дар маҳфил Холова Ғалатӣ-мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, Муродов Ҷамил-ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети филологияи тоҷик ва журналистика кафедра ва дигар устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Муслимов Исмоил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Тошматов Хусрав - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзӯи “Таъсири васоити ахбори омма ба равандҳои сиёсии ҷомеа” суханронӣ намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои устодону донишҷӯён хотима ёфт.


Back to the list