KGU

ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД.

ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД. 08.03.2022

ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД.

Санаи 9-уми марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, Раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон ва доираи васеи рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Нахуст сухани ифтитоҳиро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр оғоз намуда, аҳли нишастро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, қайд карданд, ки “Рӯзноманигорӣ касбест бошараф, пурзаҳмат, ки ғайр аз илму дониш, инчунин, маҳорату истеъдодро талаб менамояд. Рӯзноманигорон аз равшанфикрони созандаи ҷомеа буда, бешубҳа, ҷомеаро ба сӯйи музаффарият ва тараққиёт роҳнамоӣ мекунад ва ин рисолати таърихиро бо сеҳри хома ва қудрати сухани созанда анҷом медиҳанд.” Ҳамчунин дар чорабинӣ ба як қатор рӯзноманигороне, ки дар рушди журналистика саҳми худро гузоштаанд, сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд. Аз ҷумла се нафар корманди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”, Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, Бахтиёр Сафаров, муаллими калони кафедраи журналитика, ҳамзамон сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва Алишери Абдулмаҷид, узви ИЖТ,саромӯзгор, мудири кафедраи журналистика бо сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.


Back to the list