KGU

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ 12.04.2022

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим имрӯз яке аз мушкилот ё муаммои экологии башарият маҳсуб меёбад. Далели тағйирёбии глобалии иқлим бо мушоҳидаҳои илмӣ тасдиқ шудааст ва дар атрофи ин мавзуъ мубоҳисаҳои илмӣ ҳамеша ҷараён дорад. Тағйирёбии иқлим – ин нишондоди ивазшавии иқлими Замин куллан ва ё дар минтақаҳои алоҳидаи он мебошад, ки сол то сол бештар мушоҳида мегардад. Вобаста ба ин мавзуъ санаи 9-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба обҳои ошомидании Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 баргузор гардид.

Дар конфронс Холиқзода Айниддин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълим, Рафиев Сафархон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Шарофат Худойдодова, номзади илмҳои филологӣ, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Асоев Ҳасан-коршиноси масоили экологӣ, Исупов Дилшод, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултаи химия, биология ва география, Холиқов Сафар, номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими химия, Бобоев Бахтиёр, саромӯзгори кафедраи химия ва методикаи таълими он, Қуллаев Шоҳмурод, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, Баротов Ҷумахон, номзади илмҳои география ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯёни факултаи химия, биология ва география иштирок намуданд.

Конфронс бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ва дар се бахш: бахши якум “Усулҳои поксозии обҳои ошомидании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бахши дуюм “Беҳдошти вазъи экологӣ, санитарию эпидемиологии обҳои ошомидании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бахши сеюм “таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар (география ва иқтисодӣ)” баргузор гардид.

Нахуст сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин оғоз намуда, қайд карданд, ки “Дар замони муосир проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим яке масъалаҳои зарурӣ ва ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, таъсири он ба қаламрави Тоҷикистон низ мушоҳида шуда истодааст. Тез-тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, солимии аҳолӣ ва ғайра расонида истодааст.” Сипас, Асоев Ҳасан, коршиноси масоили экологӣ дар мавзуи “Рушди устувори Тоҷикистон ва самтҳои амалигардонии он”, Холиқов Сафар, дотсент дар мавзуи “Об гавҳораи ҳаёт дар сайёраи Замин”, Ҷумаева Шамсия, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Экологические проблемы Таджикистана и пути их решения”, Хоҷаев Исроил, асссистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он дар мавзуи “Партовҳо ҳамчун манбаҳои ифлосшавии обҳои нушокӣ” маърӯза намуданд. Дар маҷмуъ аз ҷониби иштирокчиёни конфронс зиёда аз 50 маърӯза шунида ва мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар қисмати охири конфронс иштирокчиён аз Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ба номи Тилло Бобоев дидан намуданд.


Back to the list