KGU

ТӮҲФА БА ДОНИШГОҲ

ТӮҲФА БА ДОНИШГОҲ 12.05.2022

ТӮҲФА БА ДОНИШГОҲ

Аз номи муаллиф тавассути полковник Бахтиёр Раҳмонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи кор бор ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар арафаи 77-умин солгарди Ғалабаи бузурги халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ бар фашизми гитлерӣ ва ҳафтаи поси хотири қаҳрамониҳои Насли Ғолиб ва меҳнаткашони ақибгоҳ китоби “Аскарони Ғолиб” дар 3 ҷилд ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ, ки муаллифону таҳиягаронаш Абдулло Ҳабибов, Раиси Шӯрои созмони “Дӯстони Россия”, генерал-майор, номзади илм, Раҷаб Мирзо ва Муҳибуллоҳ Қурбон, китоби сеюм муаллифаш Ғафур Шерматов, таърихнигори ҳарбии Тоҷикистон мебошанд, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун тӯҳфа тақдим карда шуд.
Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна Ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузарондааст. Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ солҳои 1939-1945 аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди зиёда аз 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди ҷанговарони сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар аҳолии мамлакатҳои гуногун, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоб гирифтор гаштанд. Солҳои 1941-1945 Ҷанги Бузурги ватанӣ ИҶШС бар зидди таҷовузи Германияи фашистӣ рӯй додааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯрави баҳри дифои Ватани азиз бар зидди истилогарони фашистӣ бархестанд. Ҳазорон нафар фарзандони Тоҷикистон дар муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Умуман дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор тоҷикистониён иштирок намудаанд. Далерию шӯҷоат нишон додаанд, ки зиёда аз 90 ҳазор нафарашон аз майдони набард баргаштаанд. Ҳоло аз саннаи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар қадар дуртар равем, ҳамон қадар қаҳрамониҳои он, шоҳидони даҳшати он рӯзҳои наҳс ҳам, мутаассифона, камтар мегарданд. Феълан муҳим аст, ки наслҳои оянда бояд ин пораи даҳшатноки таърихи халқамонро ҳамеша дар ёд дошта бошанду, аз он хулосаи зарурӣ бароранд.
Муаллифону таҳиягарони китоби “Аскарони Ғолиб” кӯшиш намудаанд, хотироти қаҳрамонҳои зиндаро, ки феълан дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ҷаъм биёранд, то он ёдномаҳо барои насли оянда ҳафз шаванд.
Раёсати донишгоҳ ба раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипосу миннатдорӣ менамояд.



Back to the list