KGU

ДОНИШҶӮЁН АЗ ОЛИМПИАДА БОМУВАФФАҚИЯТ БАРГАРШТАНД

ДОНИШҶӮЁН АЗ ОЛИМПИАДА БОМУВАФФАҚИЯТ БАРГАРШТАНД 19.06.2022

ДОНИШҶӮЁН АЗ ОЛИМПИАДА БОМУВАФФАҚИЯТ БАРГАРШТАНД

Рӯзҳои 18-19-уми июни соли ҷорӣ олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ҷамъбасти олимпиадаи фаннӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ректорони макотиби олӣ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Дар ҷамъбаст 14 нафар донишҷӯ ҷойи якум, 13 нафар ҷойи дуюм, 10 нафар ҷойи сеюм ва 18 нафар бо ифтихорнома сазовор дониста шуданд.
Дар олимпиадаи мазкур аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 14 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд. Дар натиҷа, Гадоев Баҳодур-донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи хориҷӣ аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи 1-ум, Хурамов Далер-донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи хориҷӣ аз фанни педагогикаи умумӣ сазовори ҷойи 3-юм, Давронова Савсан-донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Мустафоқулов Шодӣ-донишҷӯи курси 5-уми факултети химия, биология ва география аз фанни химия, Давлатшои Бобохон-донишҷӯи курси 5-уми факултети химия, биология ва география аз фанни фалсафа бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамин тавр, аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар баробари ин, ба он устодоне, ки шогирдонашон дар ин озмун мақоми аввалро ба даст оварданд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» гирифтанд.



Back to the list