KGU

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ БОЯД САБАҚЕ БАРОИ ИМРӮЗ БОШАД!

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ БОЯД САБАҚЕ БАРОИ ИМРӮЗ БОШАД! 25.06.2022

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ БОЯД САБАҚЕ БАРОИ ИМРӮЗ БОШАД!

Ватани мо-Тоҷикистон баъди соҳиби истиқлолияти давлатӣ гаштан ба гирдоби дасисаҳои душманони дохилӣ ва бурунмарзӣ афтод ва ҷанги бародаркӯш бар сари мардуми мо харобию бадбахтиҳои зиёдеро овард. Бехонумонӣ, ғарибӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ба мамлакатҳои ҳамсоя ва дур аз он, мазори ғарибони дур аз ватан афтода, қалбҳои мардуми тоҷикро шикаставу ноумед сохт. Давлати ҷавон ва миллати дар тули таърих азиятдидаро бори дигар хатари нестию парокандагӣ фаро гирифт. Оқибат дар Иҷлосияи ХVI –уми Шӯрои олии мамлакат, интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ дар дили халқ шуълаи умедро барафрӯхт. Билохира халқи пурармони тоҷик сарвари лоиқи худро ёфт. Бо ба имзо расидани созишномаи Ваҳдати миллӣ сулҳу субот оғӯши пурбаракати худро ба рӯи халқи тоҷик кушод. Шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ аз ин илҳом гирифта гуфтааст:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Пири Канъоно, чашми ту равшан,
Юсуфи деринтизори мо омад.
Бале, сарваре, ки ҳазор сол боз интизораш будем ба мо ваҳдату сулҳу амонӣ, якдилию якпорчагии ватани азизамонро армуғон овард. Аммо таъмини сулҳу субот хусусан дар ин ҷаҳони пур аз таззод кори саҳлу осон набуд ва нест. Даҳшати он ҷанги бародаркӯш ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Пас, вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, монеи душманони нотавонбини халқи азизи худ бошем ва иҷозат надиҳем, ки таърих бори дигар такрор шавад. Ҳоло ба мардуми огоҳу ваҳдат офари тоҷик пушида нест, ки душманони ваҳдат ва иттиҳоди халқ ҳанӯз дар камин буда, алайҳи манфиатҳои миллӣ сангарҳои нав месозанд.
Ҳар рӯз тавассути оинаи нилгун ва дигар воситаҳои хабаррасон мебинем, ки чи қадар силоҳу муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда мешавад. Вақте ки ба ин манзара назар мекунем, чи қадар нопок будани ҳадафҳои хоинони Ватану миллатро мефаҳмем. Аз пешгирии чунин амалҳои террористӣ ба хубӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки сатҳи огоҳии сиёсӣ ва худшиносии миллати тоҷик дар ҳадде камол ёфта, ки ҳар як ҳаракати зиддимиллиро хуб шинохтаву ба дурустӣ ташхис менамоянд. Хоинону душманони миллат инро хуб донанд, ки ғурури шикастнопазири мардони тоҷик ҳоло ҳам побарчост, ки Ватани худро ба ҳеҷ кас надодаанд ва нахоҳанд дод.
Бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суйи фардои ободу зебои ватан гомҳои устувор мегузорем.
Зӯрии мушт аз Ваҳдати ангушт меояд бурун,
Аз парешонии ҷамъият нигоҳ дорад Худо.

Сафаралӣ ШАРИПОВ, ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Back to the list