KGU

РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН РАФТАНД

РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН РАФТАНД 03.09.2022

РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН РАФТАНД

Рӯзи 2-юми сентябр ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин ва дигарон ба аёдати собиқадорони Донишгоҳ рафтанд, ки айни ҳол беморанд.

Раёсат ба дидорбинии Юнусов Саидаҳтам, номзади илмҳои таърих, дотсент, Набиев Муродалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ғуломов Ислом, доктори илмҳои педагогӣ, профессор ва Қурбонов Бозор, 8 карат Чемпиони Тоҷикистон рафтанд.

Нахуст, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек собиқадоронро ба муносибати Рӯзи дониш ва 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломативу оромиш хост. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки Раёсати Донишгоҳ ҳамеша барои дастгирии собиқадорон омода аст.

Сипас, аз ҳолу рӯзгораш пурсон шуданд. Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.


Back to the list