KGU

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ДОНИШГОҲ 07.09.2022

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ дар мавзуи «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллии тоҷикон» баргузор гардид.

Пеш аз оғози конференсия намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор ва ҳайати профессорон, омӯгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрик гуфта, аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан донишгоҳ ёдоварӣ намуданд. Мавсуф зикр намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ пояҳои иқтисодии мамлакат хеле устувор гашта, дар арсаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ шинохта шуд. Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони шарафманди Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила бартараф намуда, шароити мусоиди зиндагиро барои худ фароҳам оваранд.

Бо баракати Истиқлолияти давлатӣ шароити таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои илмӣ -педагогӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст. Дастовардҳои илмии омӯзгорони Донишгоҳ умедбахш буда, дар даҳ соли охир беш аз 100 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд, ки дар муассисаҳои гуногуни мамлакат ва аз ҷумла донишгоҳ кору фаъолият менамоянд.
Сипас, Муродова Гулчеҳра, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқароркунини давлати миллии тоҷикон” Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзуи “Ташаккули механизми институтсионалии таъмини амнияти иқтисодӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Азимов Раҷабалӣ мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, генерали мустаъфӣ дар мавзуи “Ташаккули иқтидори мудофиавии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ” баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон асосгузори мактаби давлатдории миллӣ”, маърӯзаи илмии Сайдаҳмадзода Дилором, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, директори маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” - и Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи онлайн баромад намуданд.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Истиқлолият ва эҳёи давлатдории тоҷикон” ва “Рушди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар даврони истиқлолият” идома ёфт.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия беш аз 40 маърӯзаи профессорон ва омӯзгорон бобати истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ, раванд ва ташаккули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими истиқлол шунида шуданд.




Back to the list