KGU

ИСТИҚЛОЛ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ 07.09.2022

ИСТИҚЛОЛ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки Истиқлол ва озодӣ арзиши бисёр бебаҳо дар ҳаёти ҳар як шахси бонангу баори Ватан мебошад. Тайи 31 сол аст, ки Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо дар сартосари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо дода, партавфишонӣ намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Гарчанде Истиқлоли давлати мо ҷавон аст, аммо корнамоиҳои далеронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд. Ва аз муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллатамон, ки дар роҳи ваҳдату озодӣ, истиқлоли сарзамини тамаддунофар қурбониҳо кардаанд, моро ба Истиқлоли давлатӣ расонидааст. Истиқлоли давлатии мо рангест тобанда чун рангҳои парчамамон, озодиест барои миллат ва мамлакат, соҳибихтиёриест баҳри ватандорони ватандӯст. Мо дар муддати 31 соли Истиқлол тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта равона созем.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст. Маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҷаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башариятро аз Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Ғаззолӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Истиқлоли ба дастовардаи мо Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшидааст. Дарвозаҳои чаҳор самти оламро ба рӯйи Тоҷикистон боз намуд. Танҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намоем ва ба сӯи фардои дурахшон сарбаландона пеш рафта истодаем. Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Наврӯз НОСИРӢ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетингӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list