KGU

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛАТ 10.09.2022

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛАТ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди гаронбаҳои таърихиест, ки тавассути корнамоиҳои фарзандони огоҳу боматонат ва солимандешу фидокори миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, аз тӯфони пуртуғёну имтиҳони сангини давр эмин монда, барои миллати соҳибфазли тоҷик марҳилаи нави рушду ташаккули давлатдории миллиро ба армуғон овард.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии миллати деринбунёду фарҳангии тоҷик, посдору муаррифгари анъанаҳои неки давлатдории ориёӣ дар арсаи байналмилалӣ дар муқаддимаи асари пурарзиши хеш «Уфуқҳои истиқлол» оид ба таърихи қадимаи соҳибватаниву давлатсозӣ, фарҳанги оламгир ва аҳамияти эҳёи давлатдории миллии тоҷикон чунин иброз медоранд:

«Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳала маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9 сентябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд».

Ҷойи дигар илова мекунанд, ки вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид.

Аз таърихи сиёсии Тоҷикистони ҷавон маълум аст, ки раванди ҳифзи истиқлол ва таҳкими он дар кишвар, ба низоми муайяни рушд даровардани системаи сиёсии давлат ва ба марҳилаи рушди устувор ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти хирадбунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии амиқ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробари ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, сохтори сиёсии давлат фалаҷ, низоми идоракунӣ нобуд ва бисёрҳокимиятӣ дар давлат инкишоф ёфт.

Дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои миллат раҳбару раҳнамое зарур буд, ки аркони давлатдориро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ ҳифз кунад.
Миллати тоҷик, ки мутаассифона, ҷафоҳои зиёди таърихро пушти сар кардаву фарҳангу забон, расму ойини хешро чун оташпорае бар кафи даст эҳтиёт ва ба қиммати сӯзу гудозҳои зиёд ҳифз намуда ва маҳз бар ҳамин асл, баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ба давлати соҳибистиқлоли миллӣ расид, ҳамакнун хушиқбол аст, ки Пешвои хирадоину фарҳангпарваре чун Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад, ки дар ҳама самтҳои давлатдорӣ раҳнамову раҳкушои ҷомеаи кишвар буда, мактаби давлатдории эшон барои наслҳои миллат дастури наҷотбахшу кафолатномаи ояндаи дурахшону доимо рӯ ба пешрафти давлат маҳсуб меёбад.

Модари арҷманду хирадойини миллат гӯиё ояндаи дурахшону рисолати сангини ҷигарбандашро тахмин мекард, ки номашро Эмомалӣ – Пешвову Сарвар ниҳод. Яъне хислатҳои сарварӣ дар замираш ҳанӯз ҳамсӯю ҳамсайри шири тавонбахши Модар ҷараён пазируфт ва сол ба сол бар асари огаҳиҳову мутолиот ва мушоҳидаҳову хулосабарориҳо обутоб ёфтаву мукаммал гардид. Хислатҳои Раҳмонӣ, яъне чун офтоб бидуни ташхис ба ҳамагон гармибахшиданҳояш, сарфи назар аз хеш ё бегона, дӯст ё душман, муҷрим ё бегуноҳ будани ашхос, аз наҷибтарин афзалияту вижагиҳояш буд, ки дар сангинтарин рӯзҳои мавҷудият ба тани ранҷуру пурзахм ва дар ҳоли порашавӣ қарордоштаи миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун малҳаму даво шуд: гурӯҳҳои ба ҳам зидду оштинопазирро ба ҳам овард, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар қаламрави кишвари ҷангзада таъмин ва аркони давлатдории миллии мустақилро бунёд намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят намуда, ба онҳо нерӯву тавоноӣ ва умедворӣ ба пешрафту ободии рӯзафзуни Ватани маҳбуб эҳдо менамоянд. Чунончи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намуданд: «Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад».

Мақсад аз бунёди муҷассамаи «Истиқлол» бо тарҳи зебову муосир дар пойтахти кишвар, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон тақвият бахшидани ғояи истиқлолу озодӣ арзёбӣ мегардад.

Таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарияти олии мамлакат ба мо ҷавонон ҳамчун қишри пешбарандаи соҳаҳои хоҷагидории мамлакат, ояндаи миллату давлат, меросбарони кору пайкори бузургон ва гузаштаи деринаву шуҳратёр боиси ифтихору сарафрозӣ ва ҳамзамон, масъулияти бузурги таърихист.

Ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишваромон бо хотираҳои ибратомӯзу таърихӣ пушти сар шуданд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузург доранд.

Иқдомҳои фарҳангпарварона, ислоҳоти соҳаи маориф, тақвияти инфрасохтори соҳаи варзиш, ташкили китобхонаҳо, роҳандозии озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, сафарбарсозии ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар ва дигар ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат буд, ки имрӯзҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон баръало мушоҳида шуда, ҷавонони кишвар дар олимпиадаҳои варзишиву фаннии байналмилалӣ парчамбардори кишвари азизамон ҳастанд.

Ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бевосита панду насиҳат ва роҳнамоиҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонони шарафманди кишвари соҳибистиқлоли рӯ ба пешрафтро водор месозад, ки ба бовариву эътимоди Пешвои хирадоини хеш сазовор буда, дар шароити сиёсии ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ва манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо беш аз ҳарвақта зиракии сиёсиро ҳифз намоем, атрофи ғояҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ сарҷамъу муттаҳид бошем, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари некрою ояндабин камари ҳиммат баста, дар дигаргунсозиҳои мусбии ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок ва дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳмгузор бошем.
Чунончи Пешвои муаззами миллат зимни суханрониашон ба муносибати таҷлили 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ ва ифтитоҳи майдони «Истиқлол» таъкид намуданд: «Мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар як ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошанд».

Мо ҷавонони саодатманди диёри фарзонахез ва кишвари ободу соҳибистиқлол ба даъвати Пешвои маҳбуби миллат, Сарвари оқилу нектадбир, хирадманду фарҳангсолор, ки аз қаъри қалби паҳноварашон бо нидои «Тоҷикистони азизи ман! Ба сӯйи пешрафту тараққиёт ва фатҳу нусратҳои нав ба пеш!» садо дод, лаббайк гуфта, бо пайравӣ аз панду ҳикматҳои ҷовидона ва сиёсати хирадбунёду созандаашон дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави рушду боландагӣ талош хоҳем кард.
Бегазанд бод Истиқлоли тоҷик!
Поянда бод бахту иқболи тоҷик!

ИСОЗОДА Парвиз Асадулло, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, муовини сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list