KGU

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ ТАШАББУСУ ИҚДОМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ ТАШАББУСУ ИҚДОМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ 01.02.2023

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ ТАШАББУСУ ИҚДОМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне ҳаст, ки дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, инкишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Ин аст, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Пешвои миллатро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.

Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин ташаббусҳо дар болоравӣ ва вусъати обурӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.

Солҳои охир мушкилоти экологӣ характери глобалӣ пайдо карда, ба яке аз мавзуҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо мақсади беҳтар шудани вазъи экологӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилиҳои бисёрҷабҳаи экологӣ фаъолона ширкат меварзад.

Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо андешаҳои худро доир ба мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи гуногун баён намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба кушишҳои дастҷамъона барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯи ин хатарҳои инсонӣ ва роҳҳои ҳаллу пешгирии он даъват намудаанд.

ТАШАББУСҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ:
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид (МУ СММ, октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – “Соли оби тоза”. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 – ро ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар асоси Эълони Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 – ро ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.

Ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 – ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028 – ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард.

Санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи онро қабул кард. Дар ин замина иштироккунандагони иҷлосия “Рӯзи 21 март – рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон намуда, таъсис додани Фонди бовари байналмилалӣ барои саҳмгузории ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 гузаронидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дастгирӣ намуданд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Дар Панели сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар асри XX дар Тоҷикистон зиёда аз чордаҳ ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд, ки майдонашон ба 8 фоизи масоҳати умумии кишвар баробар буд. Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шудааст. Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан се як баробар кам гардид.

Албата тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим ҳифзи захираҳои генетикӣ ва пиряхҳои ҷаҳонӣ вазифаҳои муҳимтаринанд. Коста гаштани захираҳои обӣ хатари аз байн рафтани гуногунии биологиро пеш меорад. Бинобар ин, масъалаи нигоҳдории захираҳои пиряхҳо ва гуногунии биологӣ бо ҳам зич алоқаманд буда, мушкили нигоҳдории онҳо зарурати ба роҳ мондани тадқиқоти нави илмию амалиро пеш овардааст. Дар ҳақиқат, солҳои охир масъалаи глобалии тағйирёбии иқлим дар рӯи Замин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, зеро он вайроншавии ҳолати кунунии экосистемаҳо, аз байн рафтани пиряхҳо ва гуногунии биологӣ, афзоиши бемориҳо ва зараррасонҳои зироатҳо, коҳиш ёфтани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва иқтисодиёти кишварҳоро дар пай дорад.

Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёданд, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини сайёра оид ба масъалаҳои экологӣ ва таъсири онҳо ба шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иқлимӣ, гидроэнергетикӣ, географӣ, гидрологии ҷаҳонӣ андешаҳои хоси худро дошта бошад. Ин масоилро олимони намоёни соҳаҳои мухталифи илм ба ду омилҳои ба ҳам алоқаманд тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд.

Дар маҷмуъ барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон оид ба ин захираҳои табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд.

Суҳроб ШАРИФОВ, ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list