KGU

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР 06.03.2023

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Дар пайравӣ ба ин гуфтаҳо санаи 7-уми марти соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Модар - сарчашмаи меҳру вафо” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, ноибони ректор, бонувони фаъоли донишгоҳ  ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи модар табрику таҳният намуданд. Зимни баромадашон қайд карданд, ки “Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанада ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад”.

Ҳамзамон Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, тамоми занону бонувонро бо ин ҷашн табрику таҳният намуданд.

Баъдан ба як қатор омӯзгорони муваффақи Донишгоҳ, ки дар тарбияи насли ҷавон нақши бениҳоят бузург доранд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳ Сипоснома, гулдаста ва тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Инчунин, ба меҳмонон ва бонувони фаъол тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ ва донишҷӯён барномаи фарҳангие пешкаши ҳозирин намуданд. Донишҷӯдухтарон бо дастаи шеъру тарона дар васфи зан-модар хотири аҳли нишастро шод карданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Ҷумахон Сафаров, Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон суруде дар васфи Модар шунида шуд.


Back to the list