KGU

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА 140 - СОЛАГИИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ...

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА 140 - СОЛАГИИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ... 01.05.2018

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА 140 - СОЛАГИИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ...

Ҳамасола тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ, Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои солҳои 2015-2020 натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар конфронс, ки бо номи «Конфронси апрелӣ» эътироф гардидааст, ҷамъбаст мегардад. Мувофиқи талабот дар соли таҳсили равон низ конфронси номбурда санаи 24-25 апрели соли 2018 ба санаҳои муҳими таърихӣ оғози даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», «Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «140 солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ» бахшида шудааст, рӯзҳои 24-25 апрели соли 2018 таҷлил карда шуд.Бояд зикр кард, ки дар кори конфронс бо дарназар гирифтани равияи илмҳо маърӯзаҳоро тасниф намуданд, ки чунин арзиёбӣ мегардад:


Мувофиқи таснифот аз шумораи маърӯзаҳои пешниҳодшуда бо дарназардошти ба инобат гирифтани омӯзгорону донишҷӯён нишондоди зерин ба даст омад. 


Зимнан бояд қайд намоям, ки конфронси мазкур рузҳоӣ 24-25 апрели соли 2018 давоми ду рӯзи комил идома ёфта, рӯзи аввали баргузории конфронс 24.04.2018 аз 24 бахш, ки дар барнома ҷой дода шуда буд, кор дар 21 бахш идома ёфт, бахши «Таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ», «География ва туризм» ва «Равоншиносӣ» корро рӯзи 25.08.2017 оғоз намуданд.
Рӯзи 24.04.2018 дар умум, дар 21 бахш 106 омӯзгор ва 161 донишҷӯ маърӯза намуданд. Дар ин рӯз бахши педагогика то соати 17:00 корро ба анҷом расонид.
Рӯзи дуюми конфронс 222 омӯзгор ва 90 донишҷӯи дигар дар 23 бахш корро идома дода, маърӯза намуданд.
Кор давоми ду рӯз дар кафедраҳо дар сатҳи хуб баргузор гардида, мавзӯъҳои рӯзмара ва илмӣ-тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотӣ тариқи тахтаи электронӣ маърӯза намуданд. Аз ҷумла дар факултаи физика, математика ва информатика намоиши дастовардҳои академик Каримов С.К. боиси қайд аст. Ҳамчунин, дар факултаи молиявию иқтисодӣ омодагӣ ба баргузории конференсия ва рафти баргузории он дар сатҳи хеле хуб қарор дошт. Бахшҳои дар ин факулта баргузорагардида пурра тариқи тахтаи электронӣ гузаронида шуда, ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои илмӣ-эҷодӣ хеле хуб эҳсос мешуд. Дар факултаи жимия ва биология, омӯзгорӣ, филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи хориҷӣ ва кафедраи таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ маърӯзаҳо тариқи тахтаи электронӣ дар шакли илмӣ-амалӣ сурат гирифт.
Зикр бояд кард, ки конфронси имсол дар муқоиса ба конфронси соли гузашта бо фарқ зиёд дида мешуд:

1.Таҳияи барномаи конфронс дар тарҳи нав;

2.Бахшидани конфронс ба санаҳои муҳими таърихӣ;

3.Бо истифодаи технологияи мусоир ҷараён гирифтани кори конфронс;

4.Қадрдонӣ намудани маърӯзаҳои беҳтарин вобаста ба бахшҳо;

5.Ҷамъбаст намудани озмунҳои «Олими сол», «Куратори сол», «Магистранти сол», «Докторанти сол» ва амсоли инҳо;

6.Ширкати меҳмонон, аз ҷумла намоянда аз МИҲД ш.Кӯлоб, аз ММПИ ВРИ С ҶТ;

7.Инъикос намудани конфронс дар ВАО-и кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ;

8.Назорати ҷиддии намояндагии Раёсати илм ва инноватсия.

Дар ду рӯзи конфронс аз тарафи Раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ маърӯзаҳои омӯзгорон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёне, ки дар рафти конфронс маърӯзаҳои омода намуди хешро дар ин рӯз қироат намуда буданд санҷиш гузаронида беҳтаринҳоро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пӯли сарфароз гардониданд.




Back to the list