KGU

ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРИ ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН-2018

ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРИ ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН-2018 10.05.2018

ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРИ ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН-2018

Дар санаи 6 апрел дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, маросими кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабини мазкур Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкат намуда, ҳамаи варзишгарон, мураббиёну доварон ва дӯсторони варзиши кишварро бо кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2018 табрику таҳният намуд:
“Бозиҳоии варзишии Тоҷикистон, дар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишиву оммавӣ ва солимгардонӣ, дар соли -2018, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва системаҳои зертобеи он тасмим гирифтем, ки дар доираи сиёсати варзишии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозиҳои варзиширо аз рӯи 11 намуди варзиш, дар кишварамон баргузор намоем. Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар варзиш рушд карда истодааст, мактабҳои нави варзишӣ таъсис дода истодаанд ва шумораи варзишгарон низ дар ин иншоотҳои варзишӣ зиёд мегардад. Дар соли 2017 танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаҳои варзишӣ сохта шуданд ва то моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода додани зиёда аз 92 майдончаҳои варзиширо дар пойтахти кишвар ба нақша гирифтанд”.
Баъди суханронӣ Аҳтам Абдуллозода кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон -2018-ро дар фазои мутантан расман эълон намуд.
Дар охир варзишгарони тоҷик навъҳои гуногуни варзишро, ки ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 ворид гардидааст, намоиш доданд.
Маврид ба зикр аст, ки бозиҳои варзишии Тоҷикистон, яке аз чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, он пеш аз ҳама барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиши тоҷик ва тарбияву ба камол расонидани онҳо барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи бозиҳои Осиё, олимпӣ ва мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад.
Варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, гӯштини юнонӣ – румӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод, таэквандо (ВТФ), баскетбол (мардон, бонувон), волейбол (мардон, бонувон), варзиши сабук, бокс ва вазнабардорӣ миёни ҳам рақобат мекунанд.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 дар ҳудуди кишварамон то 2 майи соли ҷорӣ идома меёбанд.
Дар ин мусобиқа Гиёев Пулод дониҷӯи соли панҷуми факултаи Тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ аз намуди вазнбардорӣ иштирок намуда сазоври ҷойи дуюм гардид ва бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирваӣ сарфароз гардонида шуд.

хабарнигор
ЯТИМОВ АЛИШЕР


Back to the list