KGU

ТАШРИФИ САФИРИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН- ҶАНОБИ ШРИ СОМНАТ ГОШ БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

18.05.2018

ТАШРИФИ САФИРИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН- ҶАНОБИ ШРИ СОМНАТ ГОШ БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Дар таърихи 18.05.2018 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар толори варзишӣ, семинар дар мавзӯи “Йога барои сиҳатӣ ва саломатӣ” баргузор гардид. Дар чорабании мазкур Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Шри Сомнат Гош, котиби Сафир оид ба масъалаҳои фарҳангӣ Абдул Самӣ ва муаллимаи Йога хонум Видио Пракаш Амуте иштирок доштанд. Ҷаноби Шри Сомнат Гошро донишҷӯён бо гулу гулдаста ва нону асал дар даромадгоҳи Донишгоҳ самимона пешвоз гирифтанд.
Дар семинари мазкур зиёда аз 200 нафар донишҷӯён иштирок доштанд, аз ҷумла 50 нафар донишҷӯи факултаи Тарбияи Ҷисмонӣ ОДҲ бевосита дар раванди машқи Йога иштирок намуданд. 
Дар чорабинии мазкур ноиби ректор оид ба таълим Холиқ Сафар суханронӣ намуда, оиди дустии халқҳои Ҳиндустону Тоҷикистон баён намуданд. Баъд аз суханронии ифтитоҳӣ Ҷаноби Сафир Шри Сомнат Гош суханронӣ намуда, барои пешвозгирии самимӣ миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки минбаъд ҳамкориҳои байни Сафорату Донишгоҳ ҷоннок гардида, дар Донишгоҳи мазкур маркази фарҳангии ҳиндуӣ таъсис дода, муаллимонро ба омӯзишҳои кӯтоҳмуддати касбии омӯзишӣ ба Ҳиндустон сафарбар намоянд. 
Баъд аз анҷоми суханрониҳо ноиби ректор оид ба тарбия Сайдаҳмадова Дилором тӯҳфаҳои хотиравиро ба Ҷаноби Сафир Шри Соман Гош супорид. Чорабинии мазкур дар сатҳи олӣ гузашт!

хабарнигор
ЯТИМОВ АЛИШЕР







Back to the list