KGU

САФАРИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ БАДАХШОНИ АФҒОНИСТОН БА ДОНИШГОҲ

САФАРИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ БАДАХШОНИ АФҒОНИСТОН БА ДОНИШГОҲ 05.05.2018

САФАРИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ БАДАХШОНИ АФҒОНИСТОН БА ДОНИШГОҲ

Рӯзи 5-уми майи соли 2018 ректори Донишгоҳи Бадахшони Афғонистон Хусрав Назарӣ баъди ширкат дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сафар намуд. Дар ин сафар ҷаноби Хусрав Назариро аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Давлатбек Хоҷаев ҳамроҳӣ мекард.
Раёсати донишгоҳ аз меҳмонон хуб пазироӣ намуд. Сипас, вобаста ба масъалаи ҷаҳони имрӯз дар самти тероризм ва оқибатҳои фоҷиабори он, ҳамчун яке аз ширкаткунанҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо донишҷӯёни донишгоҳ вохурӣ ташкил карда шуд ва дар вохурӣ ректори донишгоҳ доктори илми физика ва математика профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло, профессор Ҷумъахон Алимӣ, дотсентон Ғоиб Мирзоев, Ёралӣ Содиқов, Барот Латифов ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар зимн Хусрав Назарӣ аз вазъи имрӯзи Афғонистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «Афғонистон ҳамарӯза садҳо фарзандонашро талаф медиҳад ва ҳеҷ кас итминони то пагоҳ зинда буданро надоранд. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик бояд ҳамеша шукронаи роҳбари давлаташон ва сулҳу оромӣ кунанд».
Хусрав Назарӣ аз рафти сафари корӣ ва ширкат дар конфронси мазкур дар Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Тоҷикистон аз лиҳози амнияту суббот дар минтақа яке кишварҳои пешсаф маҳсуб ёфта, бо ташаббусҳои худ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нақши созгор дорад. Ҳамчунин, таъкидҳои батакрори Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу суббот дар Афғонистон аз зумраи ташаббусҳои созандаву инсондустона маҳсуб мешавад». Ҳамчунин, ҷаноби Хусрав Назарӣ таъкид намуданд, ки «Ба қадри неъмати осиштагии кишваратон бирасед. Мо, мардуми Афғонистон ҳамеша орзуи онро дорем, ки Худованд ба мо осоиштагие, ба мардуми Тоҷикистон арзонӣ доштааст, ба мо ҳам насиб гардад».
Мақсади дигар сафари Хусрав Назарӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ бо кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ буд. Вобаста ба ин, бо ҳамроҳии мудири кафедраи забони тоҷикӣ доктори илми филология, профессор Ҷумъахон Алимӣ аз вазъи таълиму тадрис ва корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон ва шароити таҳсили донишҷӯёни афғон дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ошно гардидаанд.







Back to the list