KGU

КОНФЕРЕНСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ "ҲАРАКАТИ САРПАРАСТОНИ ОБҲОИ ПОК”

КОНФЕРЕНСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ "ҲАРАКАТИ САРПАРАСТОНИ ОБҲОИ ПОК” 19.06.2018

КОНФЕРЕНСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ "ҲАРАКАТИ САРПАРАСТОНИ ОБҲОИ ПОК”

Бо ташабуси наҷиби Пешвои миллат аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ Қатъномае зери унвони “Даҳсолаи Байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуд, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шуруъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе Конференсияи ҷаҳонии ““Даҳсолаи Байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”солҳои 2018-2028”, барпо мегардад, ки боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон мебошад. Ташаббуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба беҳбудии зиндагии мардумони саросари ҷаҳон нигаронида шудасст, ягон шаҳрванди бонангу номуси мамлакатамонро бетараф гузошта наметавонад. Мардумони андешаманд бар онанд, ки дар масъалаи нигоҳдошти обҳои пок дар амал корерро ба анҷом расонанд. Вобаста ба ин дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Даҳсолаи Байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2018” таҳти унвони “Нигаҳбонии обҳои пок – масъалаи доғи рӯз дар саросари ҷаҳон” гузаронида шуд. Дар ин семинар қарор қабул карда шуд, ки аз ҳисоби донишҷӯёни факултаи химия-биология ва геграфия, ҳамчунин унвонҷӯёни донишгоҳ ҳаракати “Сарапарасти обҳои пок ” ташкил карда шавад. Дар ин замина беш аз як моҳ аст, ки гурӯҳи корие бо роҳбарии Абдулаҳад Абдуҷаборӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ба маҳалаҳои шаҳр ва ҷамоъату деҳотҳо сафар намуда, вазъи истифодабарии обҳои нӯшокиро меомӯзанд ва бо аҳоли дар мавриди остифодаи дурусти обҳои пок суҳбатҳо мегузаронанд. Дар санаи 19-уми июни соли ҷорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ бо ташаббуси мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён Коференсия бахшида ҳамин мавзуъ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин конференсия намояндагон аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ташкилотҳои хурду миёна иштирок намуданд. Дар рафти конфронс маърузаҳо дар мавзӯҳои марбут ба об шунида шуд. Инчунин дар қисмати охири конфронс аз тарафи иштирокчиён пешниҳодҳои гунон карда шуд, ки ин баҳри боз ҳам дар амал татбиқ шудан ва беҳтар шудани лоиҳаи “ҲАРАКАТИ САРПАРАСТОНИ ОБҲОИ ПОК” манфиатовар буд.


Back to the list