KGU

ҲЕҶ ИХТИЛОФЕ МОНЕЪИ ДАВЛАТСОЗИИ ДУНЯВӢ ШУДА НАМЕТАВОНАД

ҲЕҶ ИХТИЛОФЕ МОНЕЪИ ДАВЛАТСОЗИИ  ДУНЯВӢ ШУДА НАМЕТАВОНАД 24.08.2018

ҲЕҶ ИХТИЛОФЕ МОНЕЪИ ДАВЛАТСОЗИИ ДУНЯВӢ ШУДА НАМЕТАВОНАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар низоми навини олам мақоми хешро пайдо намудааст. Ба сифати субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ дар ҳаллӣ масъалаҳо ва танзими муносибатҳои байни факторҳои асосии низоми муосири ҷаҳонӣ нақши назаррасеро ба худ гирифтааст. Дар низоми муосири ҷаҳонӣ, ҳоли ҳозир мувофиқи нуқтаи назари коромӯзон зиёда аз панҷ ҳазор динҳо ва равияҳои гуногун ва зиёда аз 200 давлат мавҷуд аст, ки аз нисф зиёди давлатҳо, давлатҳои дунявӣ мебошанд. Хусусияти дунявӣ барои бисёре аз онҳо принсипи асосӣ ва ҳатмии фаъолият ва рушди давлати демократии муосир ҳисоб мешавад. Ба тамаддунӣ мамлакатҳои Шарқӣ нигарем масъалаи секуляризм ё сохти дунявии давлат барои ҷомеаҳои мусалмонӣ чизи нав ва шакли давлати ғайрианъанавӣ ҳисоб мешуд, ки аслан то асри 20 ва махсусан, баъди Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ вақте, ки кишварҳои исломӣ аз зери таъсири кишварҳои аврупоӣ озод гардиданд, масъалаи муайян намудани сохти давлатӣ пеш омад. Дар ин давра сохти теократии давлатро чандон ҷонибдорӣ намекарданд ва бештари кишварҳо хостгори сохтани давлати демократӣ, дунявӣ буданд.
Яке аз ҳадафҳои давлати дунявӣ ин риояи мувозинати манфиатҳои эътиқодмандон ва ғайрионҳо, ташкилотҳои динӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯҳонӣ, соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва дигарон, инчунин мувозинати манфиатҳои ташкилотҳои динӣ ва давлат мебошад.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давалатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ барои муайян намудани роҳи ояндаи давлатдории хеш талош менамуд. Он замон барои муайян намудани сохти давлат андешаҳо гуногун буданд. Як гурӯҳ тарафдори бунёди давлати исломӣ ва гурӯҳи дигар ҷонибдори сохтани пояҳои давлати дунявӣ маҳсуб меёфтанд. Дар ҳамон шароит     Шӯрои Олии Тоҷикистон барои дар фазои ором ва бехатар инкишоф ёфтани давлат қарорро дар бораи дохил намудани тағйирот ба Конститутсияи амалкунанда қабул намуд ва тибқи он Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон кард. Сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 1991 Қонун “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Дар Моддаи 1-и Конститутсия пас аз калимаи “ҳуқуқбунёд” калимаи “дунявӣ” ҳамроҳ гардид. Ҳамин тавр, мафҳуми “дунявӣ” дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳуқуқӣ гардид.Амалияи ҳаёти ҷамъиятӣ имрӯзҳо нишон медиҳад, ки вазъи сиёсии кишварҳои олам махсусан Африқо, Шарқи наздик, Ҷанубу Шарқии Осиё ҳар як инсони комилро ба ташвиш меорад. Нерӯҳои бадхоҳ аксаран зери ниқоби дини мубини ислом зиддӣ арзишҳои дунявии ҷомеа мубориза мебаранд. Ҳоло он, ки таърих исбот кардааст, беҳтарин навъи ҷомеае, ки дар он баробарии манфиатҳои ҳамаи динҳо, диндорон, ташкилотҳои динӣ ҳифз карда мешавад, ин давлати дунявӣ аст. Бадбахтона дар ҷомеаи тоҷикниз баъзе аз гурӯҳҳои одамоне пайдо шудаанд, ки фазои ором, хушбахтӣ, пешравии давлат, сохтмони ин қадар масҷидҳои зиёд, ки шумораашон аз 3900 адад мегузарад нодида гирифта даст ба амалҳои бади инсонӣ мезананд. Ин гурӯҳи одамонро бисёртар аз камсаводиашон, хурофотпарастӣ ва мафкураи маҳдуди сиёсиашон истифода бурда ба онҳо донишҳои гуногуни диниро таълимӣ нодуруст медиҳанд.
Агар мо ба ҳаёт ва фаъолияти паёмбари бузурги ислом, таълимдиҳандаи тамоми башарият Муҳаммад (с.а.в) нигарем, мебинем, ки вай дар ягон ҳолат мардумро ба қатлу куштор ҳидоят накард, барои ба дин даъват кардани одамон аз роҳҳои зурӣ, террор кардан истифода набурд, танҳо бо амалҳои накӯи худ, бо рафтору кирдори намунавиаш инсонҳоро тарбия намуд ва роҳи ростро нишон дод. Вале садҳо афсус, ки баъзе гурӯҳо чунин амалҳои хайрхоҳона ва некӣ сарвари тамоми башарият инчунин роҳбари давлатамонро нодида мегиранду аз методҳои дағалу зӯроварӣ истифода менамоянд.
Агар ба сарчашмаҳои таърихи назар афканем мебинем, ки Паёмбар Муҳаммад (с.а.в) дар яке аз ҳадисҳояшон қайд менамояд: “баъди ман дар ҷомеаи ман сӣ сол халифат, баъди он аморат (ҳокимияти динӣ-дунявӣ, сиёсӣ давлати дунявӣ аст) арзи ҳасти менамояд”. Ба ақидаи таърихнигорӣ маърӯфи мисрӣ Абдулваҳоб ан-Наҷҷара, ин раванд, аздастдиҳии характери системаи идоракунии давлати динӣ ба секуляризатсия, аз давраи идоракунии чор халифа (хулафои Рошидин), ки баъди марги Паёмбар ҳумрони мекарданд оғоз меёбад. Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омада метавонем, ки дар таърих, давлати динӣ як бор ташкил шуда буд ва мавҷудияти он алоқаи зич дошт бо шахсият ва фаъолияти паёмбар Муҳаммад (с.а.в). Дар ин замина, ба ақидаи баъзе аз донишмандон бо мурури пешрафту инкишофи ҷомеа, ҳокимият хосияти сиёсӣ пайдо намуда давлатҳои дунявӣ ташаккул меёбанд. Лекин солҳои охир мо шоҳид мешавем, ки гурӯҳҳои гуногун ба монанди ҳаракатҳои “Толибон”, “Ҳаракати Туркистони Шарқӣ” “Давлати бо ном исломии Ироқу-Шом” “тэт ҲНИТ” дар зери ниқоби таълимотҳои динӣ чандин маротибаҳо кушиши сохтани давлати исломӣ-хилофатро карданд, ки дар бисёр мавридҳо бенатиҷа аст.
Таърихнигори машҳури асри 20 А.Тойинби қайд менамояд, ки ҳама навъи кӯшиши бунёди давлати теократӣ дар асоси ислом ё инки дини дигар дар ҷаҳони муосир, бесамарӣ ё инки ҳамон беҳудагӣ аст.
Дар солҳои 50 уми асри гузашта ҳизби “Ҳизбу таҳрир ал-ислом”, бо асосгузории Таки ад-Дин ан-Набҳанӣ, дар назди худ мақсади сохтани давлати ягонаи исломӣ дар шакли хилофатро сохтанд. Ин ҳаракати ифротӣ, аз рӯи таълимотҳои худ бо нодурӯст маънидодкунии оятҳои Қуръонӣ ва суннатҳои Паёмбар тасдиқ менамоянд, ки дар миқиёси ҷаҳон, ҳар як мусалмон ҳатман бояд дар хилофат зиндаги кунад, барои содиқ мондан ба халиф (ҳоким) савганд ёд кунад. Ин ҳизб кӯшиш менамояд, ки ба фоидаи худ, ҳадиси дигари Паёмбаро далел биёранд: “Он касе, ки бе савганд мемирад, мисли беимон мемирад”. (аз Имом Муслим). Лекин ба таври пурра гӯем дар ин ҳадис на дар бораи он, ки ҳар як мусалмон бояд ба халиф (ҳоким) савганд ёд кунад балки, дар вақти зинда будани Паёмбар ҳар як мусалмон барои содиқ будан ба худи вай (Паёмбар) савганд ёд кунад. Чихеле, ки Худованд дар ояти Қуръонӣ мефармояд: “Албатта онҳое, ки қасам ёд мекунанд бо ту яқин бидонанд, ки дар воқеъ қасам ёд мекунанд бо Худо, инояту марҳамати Худост болояшон” (Қуръони Карим Сураи Фатҳ, оёти 10). Савганд (ҳамон қасам ба садоқати Паёмбар аст), ки ба ҳамаи хилофатҳо паҳн нашуда буд ва танҳо ба паёмбар Муҳаммад (с.а.в) таалуқ дошт. Чунин қайд карда мешуд, ки қасамёдкуни ба Паёмбар баробар аст ба савгандёдкуни ба Аллоҳ. Дар китоби муқаддаси ислом дар ягон сура ва ягон ҳадис дар бораи зарурати сохтани хилофат ё савганд ба халиф ҳарф намеравад.
Ҳамин тавр, ҳамаи кушишҳои ТЭТ “ҲНИТ”ва ҳизбҳои экстремисти динӣ ба он монанд, ки барои сохтани давлати бо ном исломӣ равона шудааст, тамоман ё ин, ки пурра беасос мебошад. Дар Қуръони Карим барои одамон ё гурӯҳҳое, ки роҳи мухолиф бо исломи ҳақиқиро интихоб кардаанд чунин гуфта шудааст: “Ва ҳар , ки мухолифати паёмбар (с.а.в) кунад баъди он, ки маълум шуд ӯро роҳи ҳидоят ва пайравии роҳи мусулмонон накунад, мутаваҷҷиҳ бикунемаш ба он чи мегардад (яъне қуввати дилашро бияфзоем) ва дароремаш ба дузах, ки бад ҷоест” (Қуръони Карим Сураи Нисо, оёти 115). Роҳе, ки онҳо интихоб кардаанд қатлу куштор, амалҳои террористӣ, амалҳои вандализм, ки ба мардум танҳо бадбахти меоранд яқинан роҳи Паёмбар ва мусалмон нест. Мустақил аз ҷомеаи мусулмонишин, ташкили ҳизби экстремистӣ барои амалигардони ҳадафҳои махфӣ, ки зидди манфиатҳои ҷомеа аст дар ягон ҳолат амали мусулмони ҳақиқӣ шуморида(дониста) намешавад.


Back to the list