KGU

ТЭТ ҲНИТ - САБАБГОРИ НОКОМИҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30.08.2018

ТЭТ ҲНИТ - САБАБГОРИ НОКОМИҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳо, соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаи мардумаш пазируфтанд. Аммо душманони дохиливу берунӣ аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани он дар харос буданд ва намехостанд, ки ваҳдату якдили дар Тоҷикистон хукумфармо бошад. Дар халалдор намудани сулҳу оромии як қатор ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоро метавон ёдовар шуд, ки ба воситаи душманони хориҷӣ истиқлолияти миллӣ ва сулҳу субботии моро доғдор сохтанд. Дар ин бораи файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик Тағай Раҳмон хеле хуб иброз намудаанд, ки дар муҳити соҳибистиқлолии ҷумҳурии мо ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсис дар зери ниқоби ғояҳои демократӣ сиёсати ҷудоандозӣ, миллатгароии ашаддӣ ва бунёдгароиро пеш гирифта, миллати ягонаи орому ҳалимро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, бо ташвиқи барномаҳои автомфиребонаю моҷароҷӯёнаи аз хориҷи мамлакат нусхабардору ворид карданашон майнаи мардумро заҳролуд кардан гирифтанд. Дар ниҳояти кор ҳамаи онҳо тобеи идеявии Ҳизби наҳзати ислом гардида, ба тарғиби сохтори ҷомеаи исломӣ дар асоси ғояҳои бунёдкорона пардохтанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки аз нооромии солҳои 90-ум мардуми ба шур омада пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҷумла Ҳизби наҳзати ислом, «Лаъли Бадахшон» ва «Растохез» истифода намуда ва ба ин васила ба боварии мардум даромада бо ҳар гуна туҳмату дасисаҳо тавонистанд, ки ҷанги бародаркушро, ки онро ҷанги шаҳрвандӣ меноманд дар фазои Тоҷикистон бархезонанд. Онҳо аз ин фурсат истифода бурда бародаро бо боародар ҷанг андохтанд. Хориҷиён тавонистад миллати ба шур омадаро боз бо ҳамдигар ба ҷанги худкушӣ барангезанд. Аз миён рафтани давлат ва ба чанд қисм тақсим шудани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи сиёсии ҷаҳон барҳам хурдани Тоҷикистон дар назар дошта шуда буд. Фарзандони ин миллат бо чашмҳои хунгирифтаи худ якдигарро несту нобуд мекарданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дини ислом ба зоти худ айбе надошта ҳадафи он покизагист мутаассифона дар ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз номи дини ислом истифода намуда ба воситаи шиору овозаҳои иғовоангез бисёр корҳои ношоиста аз қабили қатлу куштори бераҳмона ва талаву тороҷ намудани молу ашёҳои мардуми бегуноҳро нобуд сохтанд. Имрӯз ҳам дар ҷаҳон аз ҷумла Ироқ ва Миср нохалафон аз номи дини ислом истифода намуда ҷавонони гумроҳу бесаводро ба доми худ кашида корҳои ғайри инсониро иҷро менамоянд, ки ин тамоман ба шариати исломӣ рост намеояд.

Чунон ки дар боло қайд намуда будем яке аз сабаҳо ё заминаҳои сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ғайри расмӣ фаъолият намудани Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Хушбахтона мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи ниҳоияшон пайваста сулҳу оромӣ мебошад нагузоштанд, ки нохалафони миллат ба восибаи ин ҳизб ба мафкураи мардум ворид шуда сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо азобу машақатҳои зиёд ба даст омадааст доғдор созанд пурраи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳкум сохтанд. Дар оғози фаъолияти худ мақсади пайравони Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълуму равшан ин ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд чун мақсади онҳо нопок, ки буд ба мақсади худ нарасиданд. Яке аз пайравони фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Муҳиддин Кабирӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо истифода аз дини ислом ва сарварии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон истифода намуда хост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табадулоти давлатиро ба вуҷуд орад чун ҳадафи ӯ нопок, ки буд ба мақсади худ нарасида ба ватану миллат хиёнат намуда дар хориҷи кишвар лофи диндорӣ мезанад. Мо мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кирдори нобахшиданӣ ва хиёнаткоронаи Муҳиддин Кабириро маҳкум намуда намегузорем, ки вай бо мақсади нопоки худ сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доғдор созанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз ҳам давлатҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоие ҳастанд, ки пойдории сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро нахоста мехоҳанд, ки ба сулҳу суботи он халал ворид намоянд. Фаромӯш набояд сохт, ки беҳтарин неъмате, ки ба миллати тоҷик имрӯз муяссар гаштааст ин истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад ва ҳар яки морро лозим меояд, ки онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта нагузорем, ки нохалафони миллат онро доғдор созанд. Чунончи шоири бузург дар ин бора хеле хуб қайд намудаанд:

Хуни дил хӯрдем то ваҳдат ба даст овардаем,
Аз шикастан дасти ваҳдатро нигоҳ дорад Худо.


Лоиқов Парвиз, н.и.педагогӣ.,
саромӯзгори кафедраи педагогика


Back to the list