KGU

ВАЗИФАИ КДАМ ҲИМОЯТ АЗ СУЛҲУ ОРОМИИ КИШВАР АСТ

ВАЗИФАИ КДАМ ҲИМОЯТ АЗ СУЛҲУ ОРОМИИ КИШВАР АСТ 07.09.2018

ВАЗИФАИ КДАМ ҲИМОЯТ АЗ СУЛҲУ ОРОМИИ КИШВАР АСТ

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ яке аз мақомотҳои давлатӣ мебошад, ки барои таъмини амният ва сулҳу субот дар Тоҷикистон хизмат мекунад. Кормандони Кумита мардони ҷасуру баномус ва муҳофизи Ватан мебошанд. Онҳо барои таъмини амнияти миллӣ ҳатто ҷони худро дареғ намедоранд.
Аммо хоинону беномусон мисли аъзоён ва пайравони ҲНИТ фазои сулҳу субот ва оромии кишвари азизамон Тоҷикистонро пайваста ноором мекунанд. Онҳо мисли лошахӯроне ҳастанд, ки аз тезбинию зиракии мисли уқоби кормандони КДАМ хушашон намеояд. Ин хоинони ватанфурӯш бо сардории терроррист Муҳиддин Кабирӣ пайваста дар талоши ноором сохтани суботи кишваранд. Вале ягона мақомоте, ки садди роҳи ин хоинон ва ҳаммаслакони инҳо мегардад  - Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошад. Бадхоҳ ба мақсад намерасад. Ин бадхоҳону хоинон низ ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоку наҷиси худ нахоҳанд расид.
Ҳамаи ин суханоне, ки дар ин мақола оид ба шиканҷаи аъзоёни ин гурӯҳи хоинон гуфташудааст далели воқеъӣ надоранд. КДАМ вазифааш ҳифзу нигаҳдории мардум аз хоинону душманони Ватан аст, на ин ки таҳдид кардани онҳо ба куштан. Ин суханонро касе навиштааст, ки худ саводи кофӣ надорад. Ҳамаи аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ бесаводу бемаърифат ҳастанд, куҷо равад касоне, ки пуштибони онҳоянд. Ҳеҷ фарди оқилу хирадманд пайравӣ аз хоин нахоҳад кард ва ба чунин сафсатаҳою туҳматҳо нисбати КДАМ низ бовар намекунад.
Албатта касоне, ки бо ҳамроҳии хоин Муҳиддин Карбирӣ бар зиди ҳукумат ва Пешвои миллат суханони носазо мезанад хоин ҳастанд ва хоинони миллат бояд ҳукми қатл дода шавад. Ҳар кас, ки хиёнат ба халқу ватани хеш мекунад арзандаи ҳама гуна азобу шиканҷа ҳаст, ҳатто ман шахсан хоҳиш мекунам, ки ба чунин беномусону хоинон ҳукми қатл дода шавад. 

Зинда бод Тоҷикистони орому осуда!!!


Back to the list