KGU

БА ТАВАҶҶУҲИ КАБИРИЮ ПАЙМОНИ НАВТАЪСИСИ Ӯ!

БА ТАВАҶҶУҲИ КАБИРИЮ ПАЙМОНИ НАВТАЪСИСИ Ӯ! 11.09.2018

БА ТАВАҶҶУҲИ КАБИРИЮ ПАЙМОНИ НАВТАЪСИСИ Ӯ!

Умри одамӣ хеле кутоҳ аст ва онро мебояд сарфи амалҳое кард, то пушаймонӣ наоран. Ин иқдоми ҷадиде, ки бо таъсис додани Паймони..?.., ростӣ, дасисабозию гумроҳ кардани боз иддае аз мардумоне ҳаст, ки дигар аз шарм илоҷи ба Ватан баргаштан надоранд.
Бо 5+5+3+2 нафар чи амалеро мехоҳед анҷом диҳед вақте ки танаффури миллат ба шумо дар ҳоли афзоиш аст. Ба шумо чӣ намерасид, ки ҳамон пулу сарвату моли ҷамъкардаатонро то охири умр истифода карда дар Ватан ба сар мебурдед. Ҳамин ҳолу аҳволе, ки шумо доред, саги қади кӯча надорад. Бас аст охир, лаънатзадагӣ, мусулмон шуда бо пули ҳароми хориҷиҳо миллату ватани худро бадном кардан ин зинаи охирини бешарафию пастии шумост.
Ба шумо гап ҳайф аст, лекин, боз аз рӯи одамгарию шариат даъват мекунем, ки ба ин девонагию сарзадагӣ хотима диҳед, вагарна на фақат фарзандону хешовандонатон шуморо намебахшанд, балки дигар рӯи шуморо ҳеҷ як мусалмони днё дидан намехоҳад.


Back to the list