KGU

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

ИФРОТГАРОӢ  ВА ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР 24.09.2018

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР



Амиров Файзуллохуҷа – сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

         Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоҳои  миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

         Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмони бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.

         Мавриди аввал: вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Мавриди дуюм: дар мавриде, ки барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

         Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

         Чи хеле, ки Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миилӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  дар Паёмаш ба Маҷлиси Олии кишвар иброз дошт,ки «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

         Ташкилоти экстремистию террористии  ҲНИТ  яке гурӯҳҳои террористие мебошад, ки зери ниқоби ислому мусалмонӣ ташкил ёфта ва бо чунин иддао сабабгори хунрезиву ҷангу ҷидолҳо гардидааст. Набояд фаромӯш сохт, ки ташкилоти ифротгарои зикргардида  зери барномаҳои манфатгароёнаи кишварҳои ба мазҳаби мо бегона ташкил ёфтааст. Вақт нишон дод, ки мақсади асосии ТЭТ ҲНИТ хунрезӣ ва ғасби ҳокимият мебошад. Вале дар ҳар сурат, фаъолияти худро бо баҳонаи “хизмат ба дин” асоснок менамояд ва сирф аз дасти абарқудратони давр пуштибонӣ меёбад.

         Мутаасифона дар замони муосир терроризм аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад. Дар асл бошад, он дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аксарияти кишварҳои мусулмоннишини саёра аз ин вабои аср зарар дида истодаанд.Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

         Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эчод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд.

         Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ мебошад.Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳакикат гузашта, ба бегонапарастию кадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

         Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

         Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

         Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

         Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.


Back to the list