KGU

Кӯдакистони "СИТОРА"

        Кӯдакистон, боғча даргоҳест, ки ба тарбияи комили насли наврас таҳкурсии мустаҳкам мегузорад. Зинаи таълиму тарбия аз оила ибтидо гирифта, дар боғчаву мактаб такмил меёбад. Зиннаи авали тарбияро кӯдак дар оила гузошта, дар боғча онро давом дода, мустаҳкам ва пурра мегардонад. Боғча ҷои муқаддас чун хона ба ҳисоб меравад, зеро дар ин даргоҳ кӯдакон тарбия ва таълим гирифта ҳаматарафа инкишоф меёбанд. Барои инкишофи ҳаматарафаи кӯдак бояд шароитҳои хубро муҳаё намуд. Пеш аз ҳама риоя намудани реҷаи рӯз. Имрӯзҳо баҳри истироҳати хубу хотирмон ва фарогир бо таълиму тадрис будани кӯдакон дар кишварамон муассисаҳои зиёди томактабӣ амал мекунад, ки дар он мураббияҳо ва омӯзгорон баҳри таълим ва одоби неку, хислатҳои хуби инсони пайваста дар заҳматанд.

        Муассисаи таълимии томактабии «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи даргоҳест, ки фаъолияташ ба самти тарбиияи кӯдакон нигаронида шуда, баҳри таълиму истироҳати хуби кӯдакон шароитҳои лозимаро дорост. Кӯдакистони мазкур бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ муҳтарам Абдулло Ҳабибулло таъсис дода шуда, санаи 04.09.2018 мавриди истифода қарор гирифт. Кӯдакистони “СИТОРА” ҳозиразамон сохта шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Кӯдакистон асосан барои фарзандони устодону омӯзгорони Донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳамзамон ҳамчун базаи таҷрибавӣ дар назди донишгоҳ фаъолият мекунад, ки донишҷӯёни факулати омӯзгорӣ шуъбаи таҳсилоти томактабӣ дар ин ҷо таҷриба меомӯзанд. Айни замон дар муассиса 120 нафар кӯдакон дар чор гурӯх, се гурӯҳ ба забони тоҷикӣ ва як гурӯҳ бо забони русӣ таълиму тарбия мегиранд. Кӯдакон дар қатори омӯхтани забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисиро низ меомӯзанд. Дар кӯдакистон кӯдакон аз сини 2-сола то сини 6-7 сола, тайёрӣ ба мактаб таълиму тарбия мегиранд, ки чор гурӯҳро ташкил мекунад. Гурӯҳи якуми хурдсолон (2 сола то 3 сола), гурӯҳи дуюми хурдсолон (3 сола то 4 сола), гурӯҳи калон (5 сола то 6 сола), гурӯҳи омодагӣ ба мактаб (6 сола то 7 сола).

        Айни замон дар муассиса 120 нафар кӯдакон таълиму тарбия гирифта истода, гурӯҳи панҷумро мутаххасисони кӯдакистон омода намудаистоданд. Талаботи ба кӯдакистон аз тарафи ӯстодону омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандон хеле зиёд аст ва масъулини кӯдакистон мақсад доранд, ки шумораи кӯдаконро дар кӯтоҳтарини вақт ба 150 нафар расонанд. Масъулини кӯдакистон барои тарбия ва таълимро хуб ба роҳ мондан мутахассисони соҳавиро аз вилояти Суғд, аз шаҳри Душанбе ва аз кӯдакистонҳои шаҳри Кӯлоб ба кор ҷалб намуданд.

        Дар кӯдакистон 20 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз ҷумла панҷ нафар мураббӣ, панҷ нафар ёрдамчии мураббӣ, як нафар омӯзгорӣ забони русӣ, як нафар омӯзгорӣ забони англисӣ, як нафар роҳбари мусиқӣ, як нафар ҳамшираи тиб, муҳосиб ва мудири хоҷагӣ фаъолият менамоянд. Мураббияҳо ва ёрдамчии мураббияҳо тариқи озмун ба кор қабул карда шудаанд, ки ҳоло фаъолият намуда истодаанд.

1. Шарифова Марҳамат Саидовна хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров. Ӯ зиёда аз 21 сол собиқаи корӣ дошта, фаъолияти кориашра аз кӯдакистони № 22-и ш. Хуҷанд оғоз намуда баъдан дар кӯдакистони «Президентӣ» кору фаъолият намудааст. Тариқи озмун аз 01.09.2018 ҳамчун мураббӣ дар гурӯҳи русӣ, тайёрӣ ба мактаб кӯдакони сини 6-7 сола фаолият намуда истодааст.

 

2. Ашурмадова Давлатмо Шарифовна хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, факултаи таҳсилоти томактабӣ. Зиёда аз 15 сол собиқаи корӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро аз кӯдакистони №76-и ш.Душанбе оғоз намуда, айни замон мураббии гурӯҳи дуюми хурдсолон (3-4 сола) тариқи озмун қабул шуда фаъолият намуда истодааст.

3. Иброҳимова Малоҳам Гурезовна хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ факултаи таҳсилоти томактабӣ. Зиёда аз шаш соли корӣ дошта тариқи озмун ба кӯдакистони «Ситора»-и назди донишгоҳ ба кор қабул карда шуда айни замон фаъолият намуда истодааст.

4. Абдуллоева Малоҳат Насриддиновна хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Тариқи озмун ҳамчун мураббӣ ба кор қабул карда шуда фаъолият намуда истодааст.

        Кӯдакистони “СИТОРА”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.07.2018 тибқи № 2735 ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи таҳсилоти таълиму тарбияи томактабӣ ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол, дар асоси Низомнома ва Оиннома фаъолият намуда истодааст.