KGU

Конференсияи Ҳисор

Конф.png

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Ҳисор конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронси мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила,  Вазорати фарҳанги мамлакат ва  намояндагони Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамчунин дар кори конфронс олимону муҳаққиқон ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо иштирок  ва маърӯза намуданд.

Дар конфронси ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки бояд мо  барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талош намоем. Аз ин рӯ моро лозим меояд, ки ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳунармандонро дастгирӣ намоем.

Мусаллам аст, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз воситаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб мешавад. Ҳамчунин  сарзамини Тоҷикистон бо табиати дилошӯбу фарҳанги нотакророраш ҳазорон сайёҳону дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда,  барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар доираи кори конфронс иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Ҳисор ва ҳунари дасти ҳунармандон дидан намуданд.

(сарчашма: АМИТ "ХОВАР")