KGU

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАВЗЎИ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР СОЛҲОИ 2018-2028»

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАВЗӮИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР СОЛҲОИ 2018-2028»

Вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» дар Хадамот бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон вохўри баргузор гарид.

Дар оғози ҷаласа Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳуқумати ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ қодирзода сухани ифтитоҳиро оғоз намуда оид ба заминаи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди

устувор солҳои 2018-2028», қайд кардан, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии СММ бо карорҳои худ соли байналмилалии оби тоза – соли 2003 ва Даҳсолаи байналмилалии ҳамкори дар соҳаи об соли 2013 қабул намуд, ки ин худ гувоҳи нуфузи ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

Масъалаи истифодаи захираҳои обӣ бо мушқилоти афзоиши аҳолии сайёра, тағйирёбии глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, ҳифзи муҳити зист, энерғетика ва озуқаворӣ алоқамандии зич доранд.

ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар қаламрави он дарёҳои Панҷ, Вахш, Сирдарё, Амударё, ва даҳҳо дарёҳои хурду бузург ташаккул меёбанд, ки асоси системаи гидрографии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Баъдан сухан ба намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Назриало Сарабеков дода шуда қайд қарданд, ки ҷалби таваҷуҳи ҷомеа ба захираҳои об – ҳамчун асоси зиндағии инсон ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, вусъат бахшидани ҳамкори ва шарики дар ҳама самтҳо ҷиҳати татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об то соли 2030 мебошад.

ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии хеш дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешоҳанғ дар ҳалли масъалаҳои муҳими эқолоғии сайёра хусусан вобаста ба масъалаҳои марбут ба об шинохта шудааст.

Дар доираи чорабиниҳои мазкури байналмилалӣ ҷиҳати таъминоти ҳарчи бештари аҳолии сайёра бо оби нўшокӣ, ҳифзи онҳо дар паҳноии қариб 10% масоҳати кишварамон доман ғустурдаанд.

ҳаҷми истифодаи солонаи об дар ҷумҳурӣ барои эҳтиҷоти хоҷағии халқ 8,9 миллиард мташкил мекунад, ки аз ин миқдор 6,85 миллиард мбарои кишоварзӣ, 1,4 миллиард мбарои саноат0,5 миллиард мбарои эҳтиёҷоти коммуналию маишӣ 0,15 миллиард м3барои моҳипарварӣ истифода мешавад.

Бинбар ин барои марҳила беҳтар намудани таъминоти аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокии ба саломатии инсон безарар, азнавсозӣ ва барқарорсозии системаҳои мутамаркази шабакаҳои обтаъминкунии деҳот, таъмин ва муҳофизати минтақаҳои санитарии обтаъминқунии муттамарказ, истифодаи сарфакоронаи об, пешғирии ифлосшавӣ ва талафот, безараргардонии оби нўшокӣ дар ҷумҳурӣ «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон о оби тозаи нўшокӣ баро солҳои 2008-2020» қабул ғашта, татбиқ шуда истодааст.

ҳифзи захираҳои оби ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки он дар доираи ваколатҳои Кумита, аз ҷониби нозирони мақомати зерсохтори он меравад ва он масъулияти кишварамонро дар пешбурди минбаъдаи масъала дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорад.

қайд намудан ба маврид аст, қи дар кураи замин маҳз дар минтақаҳои ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар 40% аҳолии ҷаҳон зиндағӣ дорад. қабул ғардидани чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои ҳали масъалаҳои марбут барои истифодабари ва ҳифзи захираҳои об заминаи хуб меғузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаи об, 12 апрели соли 2015 дар Кореяи ҷануби ва Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, қи 9-11 августи соли 2016 дар Душанбе баргузор шуда пешниҳод карданд, ки даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор” эълон карда шавад ва он аз ҷониби аксарияти иштирокчиёни Форум дастғирӣ ёфт. Моҳи деқабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ пешниҳоди навбатии Роҳбари давлатамон оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баррасӣ ғашта, дар ин бора қатънома қабул шуд. Ин пешниҳод иқдоми пешниҳодҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об ба ҳисоб рафта дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби нозирони соҳавӣ амали шуда истодааст.

(сарчашма: http://ams.tj/tj/-l-r/332--l-2018-2028r-l-2018-2028r.html)