KGU

ЭЪЛОН БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ СОЛИ 2017

05.09.2019

ЭЪЛОН БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ СОЛИ 2017

Муҳтарам
хатмкунандагони соли 2017, ки донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро бо ихтисоси педагогӣ ва технологияи компютерӣ хатм намудаед!

                Вазорати маориф ва илм Шуморо барои иштирок дар пурсиши хаткунандагони муассисаҳои таҳсилои олӣ оид ба масъалаҳои ба кор таъминшавӣ даъват менамояд.

                Мақсади ин тадқиқот ҷамъваорӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хаткунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминкунӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот мебошад.

                Маълумоте, ки Шумо дар доираи ин таҳқиқот пешниҳод мекунед, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин донишгоҳҳо барои ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилоти олӣ ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ кӯмак хоҳад кард.

                Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки то санаи 20 сентябри соли ҷорӣ ӣа саҳифаи интернетии http://gts-center.tj/question/ ворид шуда, пурсишномаро пур кунед. Барои гирифтани рамз Шумо метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

                Телефон: 488884042

                Почтаи электронӣ: gts.2019@mail.ru

                Қаблан ба Шумо барои ҷудо намудани вақт ва саҳми арзанда барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон арзи сипос менамоем.


Back to the list