KGU

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 31.10.2019

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

     Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи донишкада 02 ноябри соли 2019 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба 25-умин солгарди таҷлили Рӯзи Конститутсия дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ифодаи арзишҳои волоияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат” доир менамояд. Ба конференси мазкур олимон, мутаххасисон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, инистутҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Олимон, муҳақиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан доранд, метавонанд то 25 октябри соли 2019 мақолаҳои худро дар ҳаҷми то 6 саҳифа ба суроғаи электронии fnodirov@list.ru ирсол ва як нусхаи чопии онро ба суроғаи 734055, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ манзур менамояд.

 

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ

Телефон барои тамос ва маълумоти бештар: (+992 37) 234-88-02, 93-401-78-17 – Нодиров Ф.М.(мутасаддӣ).


Back to the list