KGU

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 31.10.2019

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

        Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2019 №79 (“Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо,симпозиумҳо,анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рӯзҳои 29-30-юми ноябри соли 2019 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро дар мавзӯи “Таъмини маҳсулоти воридивазкунандаи ватанӣ дар шароити рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангии кишварҳои Осиёи Миёна” баргузор менамояд. Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқони муассиса метавонанд мақолаҳои илмии худро барои иштирок ба кумитаи тадокурот пешниҳод намоянд.

Олимон, муҳақиқон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён ва дигар шахсоне, ки майли иштирок дар кори конфренсия доранд, марҳамат карда то 09 – ноябри соли 2019 мақолаҳои илмии таҳриршудаи худро дар ҳаҷми аз 3 то 10 саҳифа ба суроғаи электронӣ E-mail: vestnik-tut@mail.ru ва ҳатман як нусхаи чопии онро ба суроғаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Н.Қарабоев 63/3 ирсол намояд.

Забони кории конфренсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.


Back to the list