KGU

ТРЕНЕР ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ БА КОР ТАЪМИНШАВӢ

07.11.2019

ТРЕНЕР ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ БА КОР ТАЪМИНШАВӢ

ЭЪЛОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Aбӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

ТРЕНЕР ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ БА КОР ТАЪМИНШАВӢ (ТРУДОУСТРОЙСТВО)

КГУ/IC/02/2019

Интихоби тренер оид ба рушди малакаҳои ба кор таъминшавӣ (трудоустройство)

Рақами лоиҳа: №08/2-2

 

Аз соли 2016 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” – ро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, татбиқ мекунад. Ҳадафи лоиҳа таҳия кардани механизмҳое мебошад, ки ба беҳтарсозӣ ва назорати сифат ва мутобиқати маълумоти олӣ барои бозори меҳнати Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” лоиҳаи “Баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъмикунии духтарони курсҳои болоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” – ро тадбиқ намуда истодааст. Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъмин гардидани духтарони курсҳои болоии донишгоҳ тавассути баргузор намудани силсилаи тренингҳо ва давраҳои омӯзишӣ дар самти ба кор таъминкунӣ дар асоси таҳияи дастури методӣ, ҳамчун ба роҳ мондани истифодаи механизми роҳбарӣ ва такмил додани маркази рушди касбияти донишгоҳ мебошад.

 Тибқи нақшаи тадбиқи лоиҳа тренеринг барои тренерон оид ба рушди малакаҳои ба кор таъминшавӣ (трудоустройство) барои донишҷӯдухтарони курсҳои болоӣ баргузор карда мешавад. Дар ин хусус, барои қабули тернер барои тайёр кардани тренерон оид ба рушди малакаҳои ба кор таъминшавӣ (трудоустройство) озмун эълон карда мешавад.

Ҳаҷми кор:

1. Баргузор намудани тренинг оид ба волонтерӣ;

2. Баргузор намудани тренинг оид ба малакаи сарварӣ (лидерство);

3. Баргузор намудани тренинг оид ба тайёр кардани тренер (ТоТ тренинг);

4. Дар донишҷӯён рушди маллакаҳои корёбӣ:

-        Нақша оид ба ҷустуҷӯи кор;

-        Гузоштани мақсад;

-                    Боварӣ ба худ. Асосҳои идоракунии эҳсосот;

-        Нест намудани тарс ва бедор намудани боварӣ ба муваффақият;

2. Омӯзиши идора намудани рафтору кирдори шахсӣ дар рафти кор:

-        Усулҳои мубориза бо стресс;

-        Пешгирии стресс ҳангоми ҷустуҷӯи кор;

-        Низоъҳо (конфликтҷ) ва роҳҳои ҳалли онҳо;

-        Малакаҳои муошират (дархостҳо, радкунӣ, талабот);

-        Асосҳои идоракунии вақт;

3. Омӯзиши тарзҳои омода намудани CV, навиштина мактуби хавасмандӣ (мот. письмо), омода намудани донишҷӯён ба мусоҳибаи корӣ.

 

Талабот нисбати мутахассис:

-        Маълумоти олӣ;

-        Фаъолияти корӣ дар самти ба кор таъминшавӣ (трудоустройство);

-        Малакаи тренерӣ доштан;

-        Доштани таҷрибаи тренерӣ на кам аз 2 сол;

-        Собиқаи кории на кам аз 2 сол дар самти таълим;

-        Дорои қобилияти кор бо компютер;

-        Донистани забони русӣ.

 

Фаъолияти тренер давоми 7 рӯз сурат мегирад. Ба кор 2 нафар тренерон ҷалб карда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд CV (тарҷумаи ҳол) – и худро то санаи 28.11.2019 ба почтаи электронии mrki@kgu.tj ё ба бинои маъмурии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, ошёнаи 2, утоқи №200 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намояд. Барои маълумоти бештар ба рақамҳои (+992 83322) 23677 муроҷиат намоед.


Back to the list