KGU

ЭЪЛОН

ЭЪЛОН 09.11.2019

ЭЪЛОН











Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

ХИЗМАТРАСОНИИ КОРШИНОС

КГУ/IC/05

Интихоби мутахассисони маҳаллӣ барои таҳия ва такмил додани стандартҳо таълимӣ, нақшаҳои таълимӣ ва маводи таълимӣ

Рақами лоиҳа: №10/1-2

 

Аз соли 2016 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” – ро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, татбиқ мекунад. Ҳадафи лоиҳа таҳия кардани механизмҳое мебошад, ки ба беҳтарсозӣ ва назорати сифат ва мутобиқати маълумоти олӣ барои бозори меҳнати Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” лоиҳаи “Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехналогия ) вобаста ба талаботи бозори меҳнат” – ро тадбиқ намуда истодааст. Ҳадафи асосии лоиҳа ин, омӯзиш ва такмил додани фанњо ва барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) бо мақсади мутобиқ намудани он ба бозори меҳнат ва омодасозии барномаи мазкур барои гузаштан аз акредитатсияи байналмилалӣ мебошад.

Тибқи нақшаи тадбиқи лоиҳа мутахассиси маҳалӣ дар мавзӯи “ таҳия ва такмил додани стандартҳо таълимӣ, нақшаҳои таълимӣ ва маводи таълимӣ” барои ихтисоси биология “биотехнология” донишҷӯдухтарони курсҳои болоӣ таҳия карда мешавад. Дар ин хусус, барои қабули мутахассис (коршинос) оид ба таҳияи ва иҷроиши корӣ мазкур озмун эълон карда мешавад.

Ҳаҷми кор:

-     Таҳлили барномаҳои таълимии ихтисоси биология “биотехнология”;

-     Таҳияи барномаҳо таълими ба талаботи бозори меҳнат;

-     Ҳамкори зич доштиан ба коршиносони маҳали ва хориҷӣ;

Дар оянда барномаҳоли таҳиягардида барои донишҷӯёни ихтисоси биология “биотехнология” барои матахассисони соҳави шудан ва дарёфти ҷойҳои корӣ ёфтам саҳми арзанда бояд гузорад.

            Талабот нисбати мутахассис:

-        Маълумоти олӣ;

-        Доштани дараҷаи илми афзалият дорад;

-        Фаъолияти корӣ дар самти илм (трудоустройство);

-        Собиқаи кории на кам аз 2 сол дар самти таълим;

-        Дорои қобилияти кор бо барномаҳои оффисӣ (MS Word, MS Excel);

-        Донистани забони русӣ.

 

Фаъолияти мушовир дар асоси супориши техникӣ (теническое задение) сурат мегирад. Хоҳишмандон метавонанд CV (тарҷумаи ҳол) – и худро то санаи 23.12.2019 ба почтаи электронии ravobiti.khoriji@kgu.tj ё ба бинои маъмурии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, ошёнаи 2, утоқи №208 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намояд. Барои маълумоти бештар ба рақамҳои (+992 83322) 22692 муроҷиат намоед.


Back to the list