KGU

Хизмат ба ватан шарафи ҷавонмардист

Хизмат ба ватан шарафи ҷавонмардист 21.01.2020

Хизмат ба ватан шарафи ҷавонмардист

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои “ Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022” тасмим гирифтааст, бо мақсади ҳавасмандгардонидани мақолаҳои публисистӣ озмуни Ҷумҳуриявиро миёни ҷавонон дар мавзӯи “Хизмат ба ватан шарафи ҷавонмардист” бахшида ба таҷлили рӯзи қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва эълон намояд.

Дар озмун ҷавонони касбу кори гуногун, олимону донишмандон ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта метавонанд иштирок намоянд.

Қабули мақолаҳо то санаи 10-уми феврали соли 2020 ба унвони кумита тариқи хаттӣ ва электрони почта (tjavononi@gmail.com) қабул карда мешавад.

Муаллифони ҷавони беҳтарин мақолаҳоӣ публисистӣ дар арафаи рӯзи қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда мешавад.

 

                                         

 

 


Back to the list