KGU

ЭЪЛОН "МЕНТОР ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ"

ЭЪЛОН "МЕНТОР ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ" 30.01.2020

ЭЪЛОН "МЕНТОР ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ"




Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

МЕНТОР ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ

КГУ/IC/03/2019

 

Интихоби ментор оид ба хизматрасонии машваратӣ

Рақами лоиҳа: №08/2-2

 

Аз соли 2016 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” – ро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, татбиқ мекунад. Ҳадафи лоиҳа таҳия кардани механизмҳое мебошад, ки ба беҳтарсозӣ, назорати сифат ва мутобиқати маълумоти олӣ барои бозори меҳнати Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” лоиҳаи “Баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъмикунии духтарони курсҳои болоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” – ро тадбиқ намуда истодааст. Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъмин гардидани духтарони курсҳои болоии донишгоҳ тавассути баргузор намудани силсилаи тренингҳо ва давраҳои омӯзишӣ дар самти ба кор таъминкунӣ дар асоси таҳияи дастури методӣ, ҳамчун ба роҳ мондани истифодаи механизми роҳбарӣ ва такмил додани маркази рушди касбияти ва инноватсияи донишгоҳ мебошад.

Тибқи нақшаи тадбиқи лоиҳа ментор оид ба хизматрасонии машваратӣ барои донишҷӯдухтарони курсҳои болоии донишгоҳ ба кор қабул карда мешавад. Дар ин хусус, барои қабули ментор озмун эълон карда мешавад.

Ментор бояд чунин корҳоро иҷро намояд:

-          Беҳтар намудани имкониятҳои ба кор таъминшавии духтарони курсҳои болоии донишгоҳ тариқи ҷалби мутахассисони соҳавӣ;

-          Омода намудани донишҷӯён оид ба чи тавр худро муаррифӣ намудан дар бозори меҳнат;

-          Такмили донишу малакаҳои шогирдон дар ҳалли масъалаҳои ба кор таъминшавӣ;

-          Дар доираи лоиҳа бо донишҷӯён дар тамос будан (мувофиқи шартнома);

-          Баргузор намудани чорабиниҳо вобаста ба кор таъминшавӣ ва роҳбарӣ;

-          Ташкили муносибати инфиродӣ бо донишҷӯён ҳангоми пайдо шудани саволҳо ё нофаҳмоиҳо оид ба ёфтани ҷойи кори хуб;

-          Ҳамкории пайваста бо гурӯҳи кории лоиҳа дар хусуси муайян намудани донишҷӯёни беҳтарин ва пешниҳоди онҳо ба корфармоён ҳамчун мутахассиси хуб.

 

Талабот нисбати мутахассис:

-        Маълумоти олӣ;

-        Собиқаи корӣ на кам аз 10 сол вобаста ба тахассус;

-        Фаъолияти корӣ дар самти ба кор таъминшавӣ (трудоустройство);

-        Малакаи хуби менторӣ;

-        Собиқаи кории на кам аз 2 сол дар самти таълим;

-        Дорои қобилияти кор бо компютер;

-        Донистани забони русӣ.

 

Фаъолияти ментор давоми 35 рӯз сурат мегирад. Ба кор 8 нафар менторон ҷалб карда мешаванд. Менторон вобаста ба самтҳои мазкур ба кор ҷалб кард мешаванд:

1.      Забон ва адабиёти тоҷик. Журналистика;

2.      Иқтисодӣ;

3.      Физика, математика ва информатика;

4.      Забон ва адабиёти рус;

5.      Забонҳои хориҷӣ (англисӣ, хитоӣ, немисӣ);

6.      Омӯзгорӣ ва фарҳанг (таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ...);

7.      Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ;

8.      Химия, биология ва география.

 

Хоҳишмандон метавонанд CV (тарҷумаи ҳол) – и худро то санаи 15.02.2020 ба почтаи электронии mrki@kgu.tj ё ба бинои маъмурии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, ошёнаи 2, утоқи №200 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намояд. Барои маълумоти бештар ба рақамҳои (+992 83322) 23677 муроҷиат намоед.

                                                           

 


Back to the list