KGU

Эълон

14.06.2020

Эълон

ЭЪЛОН

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қабули довталабонро барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар таълими рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) (тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ) ва гирифтани таҳсилоти дуюм дар таълими фосилавӣ (ғоибона) (тариқи шартномавӣ) барои соли таҳсили 2020-2021 эълон менамояд

 

Номгӯи ихтисос, шакл ва маблағи таҳсил
барои довталабоне, ки баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсили худро идома медиҳанд

 

Рамзи

ихтисосҳо

Номгӯи ихтисосҳо

      Шакл ва маблағи таҳсил 

Рӯзона

Фосилавӣ
(ғоибона)

Пулакӣ

Ройгон

Пулакӣ

Ройгон

1

1-02 05 01

Математика

2350

 

1900

 

2

1-02 05 04 01

Физика. Математика

2350

 

1900

 

3

1-02 05 05

Информатика

2350

 

2300

 

4

1-02 04 06 01

Химия. Биология

2500

 

2350

 

5

1-31 02 01 0203

Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат

2500

 

2350

 

6

1-25 01 08 03

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ

4000

 

3100

 

7

1-25 01 07

Иқтисодиёт ва идора дар корхона

4000

 

3100

 

8

1-26 02 03

Маркетинг

3750

 

3100

 

9

1-2602020-6

Менеҷменти иҷтимоӣ (маориф)

3750

 

3100

 

10

1-02 03 02

Забон ва адабиёти рус

2400

 

2350

 

11

1-02 03 01

Забон ва адабиёти тоҷик

2350

 

1900

 

12

1-01 02 01

Таҳсилоти ибтидоӣ

2050

 

1900

 

13

1-01 02 02

Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ

2050

 

1900

 

14

1-01 01 02

Таҳсилоти томактабӣ. Ихтисоси иловагӣ

2050

 

1900

 

15

1-23 01 11

Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (аз рӯи самтҳо)

0

0

1900

0

16

1-02 01 01

Таърих

2050

 

1900

 

17

1-02 01 02

Таърих.Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ)

3000

 

2800

 

18

1-03 02 01

Тарбияи ҷисмонӣ

2350

 

2200

 

19

1-03 02 02

Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ

2350

 

2300

 

20

1-31 03 04 08

WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ

2350

 

2300

 

21

1-26 02 02 03

Менеҷменти инноватсионӣ

3750

 

3100

 

22

1-02 04 04

Биология. Экология

2500

 

2350

 

23

1-02 04 06

Химия. Экология

2500

 

2350

 

 

Феҳристи ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

- ариза ба номи ректори донишгоҳ;

- ҳуҷҷат дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ - асл (маълумотнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).

- маълумотномаи тиббӣ (шакли №038)

- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);

- шиноснома;

- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

- расиди бонкӣ (маблағи шартномаи таҳсил) барои довталабони тариқи шартнома таҳсилкунанда;

- ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

Эзоҳ:

- довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (баробарарзишӣ) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд;

- шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи тиббиро хатм кардаанд, танҳо бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисосҳои биология ва химияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти мавҷудияти фарқият дар ҳаҷми то 30 кредит тариқи суҳбат тибқи талаботи Қоидаҳои қабули мазкур қабул карда мешаванд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 01.07.2020 то 10.08.2020 муайян гардидааст.

Муҳлати гузаронидани озмун (суҳбат, пурсиши тестӣ, диктант) бо довталабон бо дарназардошти ҳуҷҷатҳои воридгардида аз 11.08.2020 то 20.08.2020 муқаррар карда мешавад.

 

Номгӯи ихтисос, шакл ва маблағи таҳсил барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм

 

 

Рамзи ихтисосҳо

      Номгӯи ихтисосҳо

      Шакли таълими фосилавӣ (ғоибона)

Пулакӣ

1

1-02 05 01

Математика

1900

2

1-02050401

Физика. Математика

1900

3

1-02 05 05

Информатика

2300

4

1-02040601

Химия. Биология

2350

5

1-3102010203

Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат

2350

6

1-25010803

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ

3100

7

1-25 01 07

Иқтисодиёт ва идора дар корхона

3100

8

1-26 02 03

Маркетинг

3100

9

1-26 02 02-06

Менеҷменти иҷтимоӣ (маориф)

3100

10

1-02 03 02

Забон ва адабиёти рус

2350

11

1-02 03 01

Забон ва адабиёти тоҷик

1900

12    

1-01 02 01

Таҳсилоти ибтидоӣ

1900

13

1-01 02 02

Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ

1900

14

1-01 01 02

Таҳсилоти томактабӣ. Ихтисоси иловагӣ

1900

15

1-23 01 11

Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (аз рӯи самтҳо)

1900

16

1-02 01 01

Таърих

1900

17

1-02 01 02

Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ)

2800

18

1-03 02 01

Тарбияи ҷисмонӣ

2200

19

1-03 02 02

Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ

2300

20

1-31 03 04 08

WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ

2300

21

1-26 02 02 03

Менеҷменти инноватсионӣ

3100

22

1-02 04 04

Биология. Экология

2350

23

1-02 04 06

Химия. Экология

2350

Довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаи мазкур ба комиссияи қабул дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

- ариза ба номи ректори донишгоҳ;

- дипломи намунаи давлатӣ (асл) бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;

- 6 дона сурати андозаи 3х4 см;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);

- расиди бонкӣ (маблағи шартномаи таҳсил) барои довталабони тариқи шартнома таҳсилкунанда;

- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 20.06.2020 то 20.08.2020 муайян гардидааст.

Муҳлати гузаронидани озмун (суҳбат, пурсиши тестӣ, диктант) бо довталабон бо дарназардошти ҳуҷҷатҳои қабулгардида аз 21.08.2020 то 28.08.2020 муқаррар карда мешавад.

 

КОМИССИЯИ ҚАБУЛ 


Back to the list